Чаро Эрон Исроилро аз байн намебарад?

Таҳлили хабарӣ

Чаро Эрон Исроилро аз байн намебарад?

Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ

Чаро Эрон режими Исроилро як бор ва барои ҳамеша аз байн намебарад?

Ин суол барои бисёреҳо матраҳ аст; мегӯянд: дар ҷанги 12-рӯза собит шуд, ки Эрон бо мушакҳояш метавонистааст коре кунад, ки Исроил мутаваққиф ва балки ин режими хунхор суқут кунад, пас чаро Эрон ҳамроҳ бо Яман ва Ҳизбуллоҳ, як бор ва барои ҳамеша ва бо тамоми қувва, ба Исроил ҳамла намекунанд, то дигар шоҳиди ин ҳама ранҷи фаластиниҳо набошем?

Ва аммо посух: суқути режими Исроил қатъан иттифоқ хоҳад афтод, дар ин шакке нест, зеро суннати Худо ва суннати таърих – барои онҳое, ки ба Худо эътиқоде надоранд – ин аст, ки золим ва таҷовузгар масираш ҷуз аз байн рафтан нест ва саранҷоми Исроил ҷуз ҳамон саранҷоми таҷовузгарони таърих аз Чингизу Ҳитлеру ғайраву золик намебошад.

Мунтаҳо, ин кор якшаба иттифоқ намеафтад ва кори саҳлу осоне нест, балки муқаддимаҳое дорад, ки лозим аст он муқаддимаҳо рух бидиҳанд. Ва асосан, якшаба ва зуд иттифоқ афтодани якчунин падидаҳое, натиҷаи акс медиҳанд. Чаро? Ҳоло ба ду нуктаи муҳим дар ин замина ишора мекунам:

1) Аввалин ва муҳимтарин муқаддимаи суқути режимҳои хунхор назири Исроил, ин огоҳ шудани ҷаҳониён ба моҳияти хунхор ва таҷовузгар будани ин режим аст; ҷаҳониён бояд бифаҳманд, ки ин режим воқеан хатарнок аст. Агар Ҳитлер ва режими нозӣ дар ҳамон ибтидои кораш аз байн мерафт, ҷаҳониён на танҳо бо моҳият ва ҳақиқати режими нозӣ ва Ҳитлер ошно намешуданд ва балки чи басо ба унвони қаҳрамон аз ӯ ёд мекарданд. Он ҳама ҷиноятҳо, ки таърих аз нозиҳо дидааст, мисли он ки бояд воқеъ мешуданд – бо ин ки бисёр сахт ва душвор аст – то ҷаҳониён бифаҳманд, Ҳитлер чӣ мавҷуде будааст?!

Ҳоло шумо имрӯзи Натонёҳу ва режими саҳюнистиро бо Исроили қабл аз 7 октябри 2023 муқоиса кунед!

Дар замони пеш аз таҷовузи саҳюнистҳо ба Ғазза, моҳияти воқеии онҳо барои ҷаҳониён маълум набуд ва балки баръакс, саҳюнистҳо дар ҷаҳон бештар ба унвони қурбонӣ – қурбонии нозиҳо дар ҷанги ҷаҳонии дуввум – матраҳ буданд, ҷаҳон ба онҳо ин ҳақро медод, ки “бечораҳо” барои худ давлате дошта бошанд ва балки фаластиниҳоро муқассир ва ҳатто “терурист” ва бераҳм медонистанд.

Кор ба ҷойе расида буд, ки дигар муҳимтарин кишварҳои арабӣ бо пазириши паймоне мавсум ба “Паймони Иброҳим”, Фаластинро куллан фаромӯш карда буданд.

Аммо бо иттифоқ афтодани 7 октябр ва ҳаводиси баъди он, чеҳраи воқеии саҳюнистҳо ба тадриҷ барои ҷаҳониён ҳувайдо шуд; даранда ва ваҳшӣ будани саҳюнистҳо мисли равшании хуршед бармало гардид. Имрӯз аксари ҷаҳониён аз ин режим мутанаффиранд, дар бештари нуқоти ҷаҳон алайҳи саҳюнистҳо тазоҳурот барпо мешавад.

2) Нуктаи дуввум ин ҳақиқат аст, ки озод шудани сарзамини ишғолшуда аз дасти ишғолгар, агар ба дасти бегона ва на худи фарзандони он сарзамин иттифоқ биафтад, ин кор натиҷаи акс хоҳад дошт. Ва ба сухани дигар, аз дасти як ишғолгар берун шуда, ба дасти ишғолгари дигар воқеъ хоҳад шуд. Ва он гоҳ фарзандони он сарзамин ҳаргиз ширинии озодӣ ва истиқлолро нахоҳанд чашид.

Озод кардани сарзамини Фаластин аз чанголи ишғолгар, кори худи фаластиниҳост, на дигарон. Дигарон – бахусус мусалмонон – вазифаашон фақат ёрӣ ва кӯмак аст, бавежа бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Қудс қиблаи мо, мусалмонон аст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон сиёсаташ аз аввал мубтанӣ бар ин буд, ки фаластиниҳоро ҳаматарафа кӯмак ва ёрӣ кунад ва биомӯзадашон, ки озод кардани Фаластин аз чанголи саҳюнист фақат бо силоҳ ва муқовимати мусаллаҳона муяссар аст, на бо музокирот. Ва ҳамин корро кард.

Тунелҳои, ки имрӯз дар Ғазза ҳамаро гиҷ кардааст ва нуқтаи қуввати бузурге аст, дар тӯли 20 сол ба раҳбарии шаҳидон Сулаймонӣ ва Имод Муғния ва ба сурати комилан пинҳонӣ ва маҳрамона сохта шудаанд ба гунае, ки ҳатто саҳюнистҳо бо он ҳама васоили пешрафта намедонистанд, ки чӣ иттифоқе меафтад; саҳюнистҳое, ки ин ҳама ҷосус дар дунё ва ҳатто дар Эрон доранд ва тавонистаанд дар Теҳрон шаҳид Ҳаниаро терур кунанд, аммо аз иттифоқе, ки дар бехи гӯшашон иттифоқ меафтод, аз он огоҳ набуданд.

Худо Раҳмат кунад шаҳид Сулаймонӣ ва шаҳид Муғнияро! Сулаймонӣ дар ҳамон замони зинда буданаш боре гуфта буд, ки Ғазза ба ҷангҷӯ ниёз надорад, дар хилоли 20 сол фаластиниҳо дар Лубнон, Сурия ва Эрон ба қадре омӯзиш дидаанд ва омодаи ҷанг шудаанд, ки 20 сол бевақфа метавонанд биҷанганд, онҳо ба манобеъи пул ниёзманданд, ки мусалмонон бояд ин корро бикунанд. Ин ҳарфи шаҳид Сулаймонӣ аст.

Ба ҳар сурат, феълан ба ҳамин миқдор басанда мекунам.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Финская школа

Матолиби пурбоздид