Шикасти сангини Телавив дар Ғазза

Таҳлили хабарӣ

Шикасти сангини Телавив дар Ғазза

 Ҳамос қудрати худро бозёбӣ кардааст

Як рӯзномаи англисӣ, бо ишора ба шикасти сангини режими саҳюнистӣ дар навори Ғазза ва нокомии он дар озодсозии асирони худ, навишт: “Ҷунбиши Ҳамос тавонистааст ҳазорон муборизи ҷавони ҷадидро ба саффи худ ҷазб кунад.”

Рӯзномаи ангилисии Financial Times дар мақолае бо унвони “Ғазза; ҷанге нотамом”, ба баррасии каминҳои ахири муқовимати Фаластин алайҳи артиши режими саҳюнистӣ пардохта ва навишт, ки ҳангоме, ки камини муборизони Ҳамос мунҷар ба кушта шудани 5 низомии саҳюнист ва захмӣ шудани 14 нафари дигар дар Ғазза дар ин моҳ шуд, афкори умумии режими саҳюнистӣ на танҳо ба далели теъдоди қурбониён, балки ба далели макони анҷоми ин амалиёт ҳайратзада шуданд.

Шаҳри Байт-Ҳонун дар шимоли Ғазза, ки дар масири аввалин ҳамлаи артиши режими саҳюнистӣ ба Ғазза пас аз ҳамлаи 7 октябри 2023 қарор дошт, акнун дар дохили минтақаи ҳоили низомии Исроил қарор дорад. Ин шаҳр чаҳор бор мавриди ҳамлаи режими саҳюнистӣ қарор гирифтааст.

Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ва ҳомиёнаш исрор доранд, ки танҳо қудрати низомӣ метавонад 50 асири боқимондаро, ки ҳанӯз дар дасти Ҳамос ҳастанд, озод кунад ва муқовимати Фаластинро нобуд кунад, бо ин ҳол, пас аз 21 моҳ, ҳеч як аз ин ду ҳадаф ба таври комил муҳаққақ нашудааст. Бештари Ғазза вайрон шуда ва бо кушта шудани наздик ба 60 ҳазор фаластинӣ хашми фазояндае алайҳи режими саҳюнистӣ ба далели талафоти ғайринизомиён ба вуҷуд омадааст.

Мухолифони Натонёҳу мӯътақиданд, ки исрори вай бар идомаи ҷанг, пӯшише сиёсӣ барои бақои эътилофи ӯст, ин дар ҳолест, ки артиш дар ботлоқи Ғазза ғарқ шудааст. Мойкл Милштейн, афсари собиқи иттилооти артиши режими саҳюнистӣ гуфт: “Ин як ҷанги фарсоишӣ аст, ки ҳеч ҳадаф ё мутолибаи стратегӣ надорад, монанди роҳ рафтан дар як ботлоқ.”

Ин рӯзномаи ангилисӣ меафзояд, ки талафоти режими саҳюнистӣ ахиран афзоиш ёфтааст, ба тавре, ки 35 низомии саҳюнист дар Ғазза аз июн кушта шудаанд. Ин омор дар се моҳ пас аз нақзи оташбаси кӯтоҳмуддат тавассути Натонёҳу дар марти гузашта танҳо 11 низомӣ будааст. Милштейн гуфт: “Ҳамос ҳанӯз вуҷуд дорад ва фаъол аст. Ин гурӯҳ ҳанӯз нерӯи ҳоким дар дохили Ғазза аст ва ҳеч ҷойгузини воқеӣ барои ҳокимияти Ғазза пайдо нашуда ва ҳеч як аз асирони саҳюнист аз март то кунун, зинда бозгардонда нашудааст.”

Назарсанҷиҳо нишон медиҳад, ки аксарияти қариб ба иттифоқи саҳюнистҳо аз тавофуқе ҳимоят мекунанд, ки озодии асирони саҳюнист дар Ғаззаро тазмин кунад, ҳатто агар ин тавофуқ ба маънои поён додан ба тӯлонитарин ҷанг дар таърихи мавҷудияти ин режими бошад. Ба навиштаи ин рӯзнома, аз сӯйи дигар бунбаст дар музокирот Қатар дар мавриди оташбаси ҷадиди 60 рӯза боис шуд артиши режими саҳюнистӣ ҳамлаи заминии густардаеро ба шаҳри Дайрулбалаҳ дар маркази Ғазза оғоз кунад.

Financial Times таъкид мекунад, ки ҷунбиши Ҳамос тавонистааст ҳазорон муборизи ҷавони ҷадидро ҷазб кунад. Тибқи арзёбиҳои иттилоотии режими саҳюнистӣ ва Омрико, ин ҷунбиш ҳамчунон контроли дохилии муассиреро дар манотиқи хориҷ аз контроли режими саҳюнистӣ эъмол мекунад. Артиши режими саҳюнисти рӯзонаи ҳамалоти ҳавоии мудовимеро анҷом медиҳад, ки иддао мекунад, муборизони Ҳамосро ҳадаф қарор медиҳад, аммо дар ин амалиёт тақрибан ҳар рӯз даҳҳо ғайринизомиро мекушад. Эял Зомир, раиси Ситоди артиши режими саҳюнистӣ, ҳафтаи гузашта дар Байт-Ҳонун ба низомиёни саҳюнист гуфт, ки агар тавофуқ ҳосил нашуд, дастури артиш, ташдиди амалиёти низомӣ ва густариши доманаи он то бештарин ҳадди имкон аст.

Ин рӯзнома бо ишора ба таъмиқи ихтилоф байни артиши режими саҳюнистӣ ва кобинаи Натонёҳу дар хусуси гомҳои баъдии режими саҳюнистӣ афзуд, ки Зомир ва фармондеҳии олии артиши саҳюнистӣ, аз тавофуқи оташбас барои бозгардондани ҳадди ақал ниме аз асирони боқимонда дар Ғазза ҳимоят мекунанд. Бо ин ҳол, барои ҳомиёни ҷанг, тазмини нобудии Ҳамос мусталзими иқдомоти низомии бештаре аст. Натонёҳу эълом кардааст, ки ҷангро танҳо пас аз бозгардондани ҳамаи асирони саҳюнист, халъи силоҳи Ҳамос ва адами таҳдиди Ғазза барои режими саҳюнистӣ поён хоҳад дод. Мунтақидони дохилии кобинаи Натонёҳу монанди Милштейн ҳушдор медиҳанд, ки Ғазза ба “пойтахти таваҳҳумоти режими саҳюнистӣ” табдил шудааст; зеро мақомоти Телавив дар бораи он достонҳои хаёлӣ барои афкори умумиашон таъриф мекунанд.

Financial Times

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сукути арзишманд
Рисолаи Абуҳафси Суғдӣ

Матолиби пурбоздид