Ширкат дар озмуни забони русӣ; пеш аз муҳоҷират ба Русия

Ширкат дар озмуни забони русӣ; пеш аз муҳоҷират ба Русия

Ахбори минтақа

Муҳоҷирони тоҷик метавонанд дар озмуни забони русӣ дар шаҳри Душанбе ширкат кунанд.

Ба гузориши сомонаи Азия Плюс, муассисаи давлатии «Марокизи мушовара ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони корӣ» эълом кард, барои аввалин бор дар Душанбе аз шаҳрвандони тоҷикистонӣ, ки мехоҳанд барои кор ба Русия бираванд, озмуни забони русӣ мегиранд.

Ин озмун дар чорчӯби қарордоде, ки дар декабри соли гузашта бо Маркази озмуни забони русии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург имзо шуд, баргузор мешавад.

Таърихи баргузории имтиҳон ҳанӯз мушаххас нест.

Ин муассисаи давлатӣ тавзеҳ дод, барои аввалин бор 30 нафар метавонанд ба сурати ройгон дар ин озмун ширкат кунанд, зеро ин аввалин таҷрибаи баргузории чунин озмуне дар Тоҷикистон аст.

Ба гуфтаи манбаъ, пас аз гузарондани муваффақиятомези озмун, гувоҳии дониши забони русӣ барои муддати панҷ сол содир мешавад.

Тоҷикистон дуввумин кишварест, ки Маскав дар заминаи ҷазби созмонёфтаи коргарони муҳоҷир бо он ҳамкорӣ мекунад.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Гурӯҳи Вагнери Русия: “Бахмути Украинаро тарк мекунем”
Робитаи кишварҳои Осиёи Миёна ва Эрон тавсиа меёбад

Матолиби пурбоздид