Эксперҳо ба террорист будани ин афрод шубҳа доранд

Таҳлили хабарӣ

Эксперҳо ба террорист будани ин афрод шубҳа доранд

Ойниҳол Бобоназарова

Чанд муддат баъди воқеаи “Крокус-Сити Холл”имкони сухан гуфтан надоштам.

Дар ҳолати”шок” будам.

Ба пайвандони ҳамаи онҳое, ки наздикони худро аз даст додаанд, таъзия байён менамоям ва онҳое, ки дар табобатанд шифо хоҳонам.

Ҳеҷ инсон террористҳоро набояд дастгирӣ намояд, новобаста аз кадом миллату мазҳабанд, агар гуноҳи онҳо бо далелҳо исбот шуда бошанд.

Чанд рӯз аз ВАО ақидаҳои экспертҳои зиёдеро мутоила намудам, ҳамаи онҳо аз он нафароне, ки органҳои махсуси Россия, ҳамчун террорист оммавӣ намуданд шубҳа доранд.

Яке аз принсипҳои адолати судӣ ин эҳтимоли бегуноҳӣ аст, новобаста аз он ки ҷиноятро содир кардааст ё не. Дар як муддати кӯтоҳ чанд нафар тоҷиконро оммавӣ намудаанд ва онҳоро террорист эълон кардаанд. Ин наворҳо чунон даҳшатноканд, ки мислашро ман намедонам. Баъзан дар ҳамин гуна ҳолатҳо органҳои махсус амалиёти сахт мегузаронанд ва онҳоро фаҳмидан мумкин. Аммо он дастгиршудагон баъди чанд вақте, аз ҷои ҳодиса дур, шиканҷаҳои бераҳмона шудаанд. Бо ин рафторашон, органҳои махсус ҳатто агар далелҳо дошта бошанд, онҳо ба сифр мубаддал шуданд. Дар давлатҳои зиёде дар чунин ҳолатҳо гумонбарро нишон намедиҳанд, онро оммавӣ намекунанд, хусусан аз кадом миллат буданаш то

тамом шудани тафтишот. Асосан дар чунин лаҳзаҳо миллат бояд, мутаҳҳид шавад; дар мо бошад, гурӯҳе мегӯяд, ки мо террористҳоро ҳимоя намуда истодаем. Ман нахондам, ки нафаре гӯё террористҳоро дастгирӣ карда бошанд. Нафарҳои зиёде аз гумонбаршудагон, ки нисбаташон шиканҷаҳои ваҳшатнок шудааст, ҳимоя намудаанд. Ҳукумати ҶТ, ӯҳдадор аст, ки дар рафти тафтиш иштирок намояд ва онҳоро бо адвокат таъмин намояд.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фуруди ҳавопаймои амрикоӣ дар Тоҷикистон
Нақди филм

Матолиби пурбоздид