Эъломи омодагии Русия барои сохти ниругоҳи атомӣ дар Тоҷикистон

Эъломи омодагии Русия барои сохти ниругоҳи атомӣ дар Тоҷикистон

Ахбори минтақа

Бомдод гузориш додааст: Николай Спасский, мудири бахши фаъолиятҳои байналмилалии корпоратсияи давлатии русии “Росатом” изҳор дошт, ки ин ширкат барои баррасии масъалаи сохтани нирӯгоҳи хурд ё бузурги ҳастаӣ (атомӣ) дар Тоҷикистон омода аст.

Николай Спасский рӯзи 3-октябри соли 2023 дар ҳошияи маросими бахшида ба поккории қаламрави майдонҳои партовҳои ҳастаии “Табошар” дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд ба хабарнигорон гуфт:

“Aгар Тоҷикистон барои бунёди энергетикаи атомӣ ва сохтани нирӯгоҳи атомии хурд ё бузург дар ин кишвар бар асоси тарҳи нирӯгоҳҳои русӣ таваҷҷуҳ нишон бидиҳад, мо аз ин хеле хушҳол хоҳем шуд. Мо салоҳияти инро дорем, фанновариҳояшро дорем”.

Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир аксарияти кулли нирӯи барқиашро дар нирӯгоҳҳои обӣ ва як қисми хурдашро дар марказҳои гармидиҳӣ тавлид мекунад. Энергетикаи атомӣ дар кишвар рушд накардааст ва тақрибан вуҷуд ҳам надорад. Танҳо дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон як реактори хурди атомӣ вуҷуд дорад, ки озмоишист ва асосан барои корҳои илмӣ ва таълимӣ истифода бурда мешавад.
bomdod.com
Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ваҳдати исломӣ аз дидгоҳи Оятуллоҳ Хоманаӣ
Аҳмад Масъуд дархости кумак аз Исроилро такзиб кард

Матолиби пурбоздид