Эъломи омодагии Ҳизбуллоҳи Ироқ барои ҷанги тӯлонимуддат бо Омрико

Эъломи омодагии Ҳизбуллоҳи Ироқ барои ҷанги тӯлонимуддат бо Омрико

Ахбори байналмилал

Farsnews

Дабири кулли Катоиби Ҳизбуллоҳи Ироқ бо таъкид бар идомаи мубориза бо Омрико, гуфт, ки ин ҷунбиш метавонад барои мудирияти як ҷанги тӯлонимуддат, бар тавонмандиҳои зотии худ такя кунад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Абӯҳусайн ал-Ҳамидовӣ, дабири кулли муқовамати исломии Катоиби Ҳизбуллоҳи Ироқ, дар Теҳрон бо фармондеҳони Меҳвари Муқовамат дидор ва дар ин замина, баёния содир кард.

Ал-Ҳамидовӣ гуфт: “Талошҳои муқовамати исломӣ дар хусуси дифоъ аз миллатҳои мустазъаф ва ҳимоят аз дастовардҳои уммат аст. Бинобар ин тасмимоти худро бо дироят ва тадаббур иттихоз мекунад.”

Вай, бо баёни ин ки таълиқи амалиётҳои низомӣ (алайҳи Омрико) поёни кор нест, таъкид кард: “Муқовамати исломӣ метавонад барои мудирияти як ҷанги тӯлонимуддат, бар тавонмандиҳои зотии худ такя кунад.”

Дабири кулли Катоиб бо таъкид бар лузуми ҳимоятҳои мардуми Ироқ аз Ғазза, хотирнишон кард: “Пирӯзии ҷунбишҳои озодихоҳона, бо манофеъи кишварҳои мухолифи империалисм ҳамхонӣ дорад, бавежа (кишварҳои) ғарби Осиё ва шимоли Офриқо.”

Гуфтанист, Катоиби Ҳизбуллоҳ ҷумъаи гузашта, бо судури баёнияе, дар бораи чандин мавзӯъ ба давлати Ироқ ва мақомоти масъул ҳушдор дод.

Катоиб дар яке аз бандҳои ин баёния ба давлат ва масъулини зирабт дар парвандаи поён додан ба ишғоли Ироқ дар хусуси “эътои масуният ба артиши нерӯҳои ишғолгари омрикоӣ” ҳушдор дод ва афзуд, дар сурат эътои чунин масунияте “дарҳои ҷаҳаннам боз хоҳад шуд”.

Катоиб ҳамчунин таъкид кард: “Нерӯҳои ишғолгар дар замину осмон рафтори худро тағйир надодаанд, балки ҳатто изҳороти онҳо ҳамчунон ҳокӣ аз фирор барои харидани замони бештар ва мондан дар кишвар аст.”

Farsnews

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оятуллоҳ Хоманаӣ: Муқовамат аз тавонмандии худ рӯнамоӣ кард
Ҳамлаи муқовамати исломии Ироқ ба фурудгоҳ Бен Гурёни Исроил

Матолиби пурбоздид