Як гумони ғалат, ки дар ҳоли ҷаҳонӣ шудан аст
Ёддоште аз Сайидюнуси Истравшанӣ
Як гумон ва пиндори бисёр бепоя ва ғалат ҳаст, ки агар каме пештар фақат дар миёни мардуми баъзе ҷомеъаҳо ва кишварҳо дида мешуд, аммо алъон, бо камоли таассуф, дар ҳоли ҷаҳонӣ шудан аст, хусусан пас аз рӯйи кор омадани Тромп дар Омрико ва амсоли Тромп аз ростгароён дар Урупо.
Ва ин пиндори ғалат дар робита бо одамони “бегона” аст, муҳоҷир ба истилоҳ. Масалан дар Эрон дар назди баъзе аз шаҳрвандони ин кишвар (на ҳамаашон албатта) ин гумони бепоя шойеъ аст (ва ҳатто дар назди баъзе аз мақомоташ), ки касе, ки муҳоҷир аст ва аз як ҷойи дигар ва аз як кишвари дигар ба Эрон омада ва кор мекунад (ҳоло ё паноҳанда аст ва ё муҳоҷири корӣ аст ва хулоса, ба ҳар далел дар ин кишвар аст), гӯӣ як нонхӯри зиёдатӣ бошад ва аз нони мардуми ин кишвар масалан мекоҳад! Ва ба ҳамин хотир, фикру пиндори зидди муҳоҷирон ба хусус дар робита бо касоне, ки аз Афғонистон ҳастанд ва кор мекунанд (дуруст мисли тоҷикҳое, ки дар Русия ба унвони муҳоҷири корӣ машғуланд), ин ҷо зиёд шуда.
Дар ҳоле, ки шуғлҳое дар Эрон ҳаст, ки ба ҷуз як муҳоҷири афғонистонӣ худи эронӣ ҳозир нест ба он машғул шавад, ҳатто дар муқобили даҳ баробари пуле, ки ба як муҳоҷири корӣ пардохт мешавад. Яъне агар билфарз имрӯз муҳоҷирони корӣ аз Афғонистонро аз ин кишвар берун кунанд, бовар кунед, дар ин кишвар бӯҳрони иқтисодӣ пеш меояд. Ва агар алъон нест, ба баракати вуҷуди ҳамин муҳоҷирони корӣ аст.
Ҳоло дар Омрико дуруст ҳамин фикру пиндори ғалат дар ҳоли шойеъ шудан аст. Суханрониҳои ахири Тромпро, ки гӯш мекунед, бовар кунед, аз як муҳоҷирситези бесавод низ суханонаш пойинтар аст. Дуруст ҳамин фикр, ки инҳо гӯӣ як нонхӯри зиёдатӣ бошанд, ки агар берун раванд, ҳама чиз гулу булбул хоҳад шуд!
Инак дар Урупо низ аз сӯйи баъзе сиёсатмадоронаш якчунин суханоне шунида мешавад.
Ба назар мерасад, дунё ба ҷойи ин ки пеш биравад, дар ҳоли пас рафтан аст ва одамони бесавод ва популист дар ҳоли гирифтани зимоми умур дар дунё ҳастанд.
Бояд дуо кунем, Худованд ҷаҳонро аз шарри якчунин бесаводону аблаҳҳо наҷот диҳад!
(Манбаъ: фейсбук, сафҳаи шахсии Сайидюнуси Истаравшанӣ)
Qalamonline.net