Яман як новшикани омрикоиро дар баҳри Сурх ҳадаф қарор дод

Яман як новшикани омрикоиро дар баҳри Сурх ҳадаф қарор дод

Ахбори байналмилал

Masirahtv

Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, дар баёнияе дар ҷамъи миллионии тазоҳуркунандагони яманӣ, аз ҳадаф қарор додани як нови омрикоӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории садо ва симои Ҷ.И.Эрон ба нақл аз шабакаи телевизионии Алмасира, Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, дар баёнияе дар ҷамъи миллионии тазоҳуркунандагони яманӣ дар Санъо, пойтахти Яман гуфт: “Як новшикани омрикоиро дар баҳри Сурх ҳадафи ҳамлаи паҳподӣ қарор додем ва ба фазли Худо ба аҳдофи худ даст ёфтем.”

Гуфтанист, соатҳои пеш аз суханронии Сареъ, Маркази фармондеҳии Омрико дар Ховари Миёна (Сентком), ба ҳамлаи паҳподӣ ба як новшикани ин кишвар дар баҳри Сурх эътироф кард, вале аз исобат ва ё адами исоати он чизе нагуфт.

Masirahtv

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Муфтии собиқи Миср: “Шарт нест барои биҳиштӣ шудан мусалмон бошӣ”
Арабистони Саудӣ ба Телавив нафт ирсол кардааст

Матолиби пурбоздид