Яҳё Синвор: “Ҳамос тавофуқеро, ки хостори халъи силоҳ бошад намепазирад”

Яҳё Синвор: “Ҳамос тавофуқеро, ки хостори халъи силоҳ бошад намепазирад”

Ахбори байналмилал

Рӯзномаи Wall Street Journal гузориш дода, Яҳё Синвор, раҳбари Ҳамос дар Ғазза, бар пешшартҳои аслии худ барои тавофуқи оташбас исрор дорад.

Тибқи ин гузориш, Синвор ба кишварҳои арабии миёнҷӣ дар музокироти ғайримустақим бо Исроил гуфта: танҳо дар сурати ӯҳдадор шудани Исроил ба оташбаси доим, ҳозир ба тавофуқ бо ин режим аст.

Ин рӯзномаи омрикоӣ ба нақл аз ду мақоми аршади омрикоӣ навишта, Яҳё Синвор ба тарафҳои миёнҷӣ гуфтааст: “Ҳамос силоҳҳои худро замин нахоҳад гузошт ва ё тарҳеро, ки хостори чунин чизе аст нахоҳад пазируфт.”

Музокирот бо миёнҷигарии намояндагони Қатар, Миср ва Омрико бо ҳадафи барқарории оташбас дар Ғазза ҳанӯз идома доранд, аммо манобеъи мухталифи байналмилалӣ гузориш додаанд, нишонае аз кушоиш дар гуфтугӯҳо мушоҳида намешавад.

Ин гуфтугӯҳо аз рӯзи чаҳоршанбе оғоз шудаанд. Дар он рӯз Уилям Бернс, раиси CIA (ЦРУ) барои гуфтугӯ бар сари тарҳи 3 марҳилаии оташбас / табодули асирон, ки ҳафтаи пеш Ҷо Бойден аз он рӯнамоӣ кард, дар Дуҳа бо мақомҳои аршади Миср ва Қатар дидор кард.

Манобеъи мисрӣ гуфтаанд, ҳадафи гуфтугӯҳои Қатар ёфтани шакле аст, ки битавонад ба Ҳамос замонати лозимро барои тарки комили мухосима дар навори Ғазза ва хуруҷи комили нерӯҳои исроилӣ аз ин минтақаро бидиҳад.

Исроил гуфта, ки бо додани чунин замонатҳое ба Ҳамос мухолиф аст.

Wall Street Journal

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Агар ба андешаҳои Саъдӣ амал шавад
Тавсияҳои Имом Алӣ(а) ба фармонравоён

Матолиби пурбоздид