Ёддошти рӯз

Таҳлили хабарӣ

Ёддошти рӯз

Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ дар мавриди мардумони Ғазза

 

Оё мо мусалмонем?!

 

Ҳадисе ҳаст аз ҳазрати Паёмбар(с) бисёр маъруф; ҳазраташ фармояд:

مَنْ أَصْبَحَ لا یَهْتَمُّ بِأُمورِ الْمُسْلمینَ فَلَیْسَ بِمُسْلِمٍ

“Ҳар касе дар ҳоле субҳ кунад, ки ҳеч аҳаммияте ба умури мусалмонон надошта бошад, ӯ мусалмон нест.”

Ин ривоятро бисёре аз муҳаддисон нақл кардаанд ва саҳеҳ аст.

Ин ҳадис ба қадре маъруфу машҳур аст, ки фикр кунам, ҳар мусалмоне шунидааст.

Аммо оё воқеан дарку ҳазм кардаем ин фармоиши ҳазрати Паёмбар (с)-ро?!

Ба худам арз мекунам, ки оё ҳазм кардаӣ ин амрро?!

Оё фардои қиёмат – ки ба он имон дорӣ – вақте аз ту пурсиданд, ки дар Ғазза 2.5 миллион мусалмон ноне барои хӯрдан надоштанд ва аз гуруснагӣ ҷон медоданд, оё инҳоро медидӣ?!

Худоё! Аз тақсир ва кӯтоҳиамон бигзар ва афвамон кун!

Афвамон кун, ки заифу нотавонем.

Худоё! Мусалмонем ва ба ту имон дорем, аммо мусалмони заифу нотавон!

Худат ба доди кӯдакону занони Ғазза бирас!

Худат дасташон бигир!

Сайидюнуси Истравшанӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ғазале аз Файзи Кошонӣ
Бузургтарин таҳқири уммат

Матолиби пурбоздид