Ғазали зебое аз Ҳофиз

Адаб

Ғазали зебое аз Ҳофиз

Солҳо пайравии мазҳаби риндон кардам,

То ба фатвои хирад ҳирс ба зиндон кардам.

Ман ба сарманзили анқо на ба худ бурдам роҳ

Қатъи ин марҳила бо мурғи Сулаймон кардам.

Сояе бар дили решам фикан, эй ганҷи равон,

Ки ман ин хона ба савдои ту вайрон кардам.

Тавба кардам, ки набӯсам лаби соқиву кунун,

Мегазам лаб, ки чаро гӯш ба нодон кардам.

Дар хилофомади одат биталаб ком, ки ман

Касби ҷамъият аз он зулфи парешон кардам.

Нақши мастуриву мастӣ на ба дасти ману туст.

Он чӣ султони азал гуфт: бикун, он кардам.

Дорам аз лутфи азал ҷаннати фирдавс тамаъ,

Гарчи дарбонии майхона фаровон кардам.

Ин ки пиронасарам сӯҳбати Юсуф бинавохт,

Аҷри сабрест, ки дар кулбаи аҳзон кардам.

Субҳ хезиву саломат талабӣ, чун Ҳофиз,

Ҳар чӣ кардам, ҳама аз давлати Қуръон кардам.

Гар ба девони ғазал садрнишинам, чӣ аҷаб!

Солҳо бандагии соҳиби девон кардам.

(Ҳофиз)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оби ҳаёт
Иттиҳодияи Офриқо хоҳони қатъи робита бо Исроил шудааст

Матолиби пурбоздид