Ғурури ниёкон

Адаб

Ғурури ниёкон

Искандари Хатлонӣ

Дар хуни ман ғурури ниёкон нуҳуфтааст,

Хашму ситези Рустами дастон нуҳуфтааст.

Дар тангнои синаи ҳасраткашидаам,

Гаҳвораи басирати мардон нуҳуфтааст.

Хоки маро ҷазираи хушке гумон мабар,

Дарёи бекарону хурӯшон нуҳуфтааст.

Холӣ дили маро ту зи тобу тавон мадон,

Шери жиён миёни найистон нуҳуфтааст.

Пиндоштӣ, ки решаи пайванди ман гусаст,

Дар синаам ҳазор Хуросон нуҳуфтааст!

Искандари Хатлонӣ

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Роберт Кеннеди: “Амрико ДОИШ-ро эҷод кардааст!”
Манзараҳои зебои Тоҷикистон

Матолиби пурбоздид