Қарордоди ҳамкории гардишгарии Тоҷикистон ва Ҳинд ба имзо расид

Ахбори минтақа
Қарордоди ҳамкории гардишгарии Тоҷикистон ва Ҳинд ба имзо расид.
Қарордоди мазкурро мудирони Донишгоҳи байналмилалии гардишгарӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи миллии гардишгарӣ ва мудирияти меҳмондории Ҳайдарободи Ҳинд имзо карданд.
Санади ҳамкорӣ дар чорчуби чаҳорумин ҳамоиши муштараки байналмилалии гардишгарӣ, меҳмоннавозӣ ва аҳдофи тавсеаи пойдор, ки дар шаҳри Ҳайдаробод баргузор гардид, имзо шуд.
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии гардишгарӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ин конфронс ширкат намуда дастовардҳои саноати гардишгарии Тоҷикистонро арза намуданд.
Ин конфронс бо талоши Муассисаи миллии гардишгарӣ ва мудирияти меҳмондории Ҳайдаробод ва бо ҳамкории шарикони тавсеа бо ҳузури 150 боздидкунандаи хориҷӣ ва вазири гардишгарии Ҳинд баргузор кард.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Росел ва Худо
Ҷадидтарин омори қурбониёни заминларзаи Туркия

Матолиби пурбоздид