Қудрати шойеа

Таърих

Қудрати шойеа

Нақл мекунанд, ки 700 сол пеш, дар Исфаҳон масҷиде месохтанд. Кор тамом шуда буд ва коргарон дар ҳоли анҷоми майдакориҳои поёнӣ буданд.

Пиразане аз он маҳал мегузашт. Ногаҳон пиразан истод ва гуфт: Ба назарам манораи масҷид каҷ аст!

Коргарон хандиданд, вале меъмор бо садои баланд фарёд зад: Сокит бошед! Чӯбе биёваред!

Коргарон чӯб оварданд. Чӯбро ба манора такя диҳед ва ҳама бо ҳам фишор диҳед!

Коргарон фишор медоданд ва меъмор, ҳар лаҳза  мепурсид: Модарҷон, рост шуд?

Баъд аз чанд дақиқа, пиразан гуфт: Дуруст шуд! – ва дуокунон ба роҳи худ рафт.

Коргарон аз меъмор пурсиданд: Магар мешавад, манораи каҷро бо фишори чӯбе росту соф кард?

Меъмор гуфт: На! Вале мешавад, пеши роҳи паҳн гаштани шойеа ва гап-гапи мардумро дар бораи манораи каҷро бо ин роҳ гирифт!

Агар пиразан мерафт ва ба иштибоҳ ба мардум мегуфт, ки манораи масҷид каҷ аст, шойеа дар тамоми шаҳр мепечид ва дигар намешуд, манораро дар назари мардум росту соф кард, вале ман бо як чӯб ва каме фишор, манораро барои ҳамеша рост кардам.

Бояд аз шойеа тарсид, дар тиҷорату касбу кор, ҳатто дар зиндагиатон аз шойеа бипарҳезед! Агар ба мавқеъ вориди амал шавед, бароҳатӣ манораи зиндагиатон софу рост хоҳад шуд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Вафоро дар набарди дил сипар кардам
Муҷодила бо табиат

Матолиби пурбоздид