Ҳазфи визо байни Эрон ва Қазоқистон
Ахбори байналмилал
Ба гуфтаи сафири Қазоқистон дар Эрон, дар паи тасмими давлати Қазоқистон, барои лағви раводиди 14 рӯза, ҷиҳати сафари эрониён ба Қазоқистон, Теҳрон низ чунин имконеро барои шаҳрвандони Қазоқистон барои сафар ба Эрон фароҳам кардааст.
Эрон дар иқдоми мутақобил эълом намудааст, шаҳрвандони Қазоқистон метавонанд бо раводиди оддӣ, барои сафари 14 рӯза, бидуни дарёфти визо, ба Эрон сафар кунанд.
Сафири Қазоқистон дар Эрон ҳамчунин бо ишора ба барқарории хутути парвозии мустақими байни ду кишвар гуфтааст: Мақомоти Эрон ва Қазоқистон дар талошанд роҳҳои иртиботии байни ду кишварро барои осонсозии рафту омади тоҷирону гардишгарон густариш диҳанд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн