Ҳаким Ҷефриз: Набояд неруҳои заминии Амрико ба Ховари Миёна фиристода шаванд!
Ахбори байналмилал
Раҳбари ақаллияти демократҳо дар Маҷлиси намояндагони Амрико гуфт, ки Тромп кишварро ба як ҷанги «бепарво ва интихобӣ» кашидааст.
Ӯ таъкид кард, ки ин ҷанг бе барнома, бе ҳадафи равшани стратегӣ ва бе нақшаи баромад оғоз шудааст.
Ба гуфтаи Ҷефриз, ҳар рӯз миллиардҳо доллар аз пули молиётдиҳандагон барои ҳамлаҳо дар Ховари Миёна масраф мешавад, дар ҳоле ки Тромп пештар ваъда дода буд аз чунин даргириҳо худдорӣ мекунад.
Ӯ изҳор дошт, ки таҳти ҳеҷ шароите набояд нерӯҳои заминии Амрико ба минтақа фиристода шаванд.
Қаламонлайн













