Ҳамлаи мушакии муқовамати Ироқ ба бандари нафтии Исроил
Ахбори байналмилал
Almayadeen
Муқовамати исломии Ироқ имрӯз (панҷшанбе, 9-май) дар дуввумин баёнияи пай дар пай аз ҳадаф қарор додани бандари нафтии Асқалон бо мушак хабар дод.
Ба гузориши шабака Алмаёдин
Муқовамати исломии Ироқ дар ин баёния эълом кард:
“Бомдоди имрӯз як ҳадафи ҳаётиро дар бандари нафтии Асқалон дар ҷануби Фаластини ишғолӣ ҳадаф қарор додем.”
Тибқи ин баёния, ин ҳамла ба васила мушаки Крузи тавсиаёфта аз навъи Ал-Арқаб анҷом шуд.
Муқовамати исломии Ироқ соатҳое қабл низ эълом карда буд: Дар соатҳои аввалияи субҳи имрӯз пойгоҳи “Навотим”-и душмани саҳюнистӣ дар Беъруссабъро бо паҳпод ҳадаф қарор додем.
Муқовамати исломии Ироқ дар амалиётҳои гузашта ба сарзаминҳои ишғолӣ, ҳушдор дода буд, ки дар сурати идомаи ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза, амалиёти худ алайҳи мавозеи ин режимро ташдид хоҳад кард.
Almayadeen
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: