Ҳамлаи мушакии Яман ба нерӯгоҳи барқии Исроил
Ахбори байналмилал
Ба гузориши Алмасира, Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, тай баёниее эълом кард, ки нерӯи мушакии ин кишвар як амалиёти низоми муваффақро алайҳи режими саҳюнистӣ анҷом додааст. Вай дар ин баёния изҳор дошт, ки ин иқдом ба унвони посухе ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми мазлуми Ғазза ва дар ҳимоят аз миллати Фаластин ва муҷоҳидини он сурат гирифтааст.
Бар асоси ин баёния, нерӯҳои мусаллаҳи Яман бо истифода аз мушаки болистики фаросавти “Фаластин-2” нерӯгоҳи барқи “Урут Рабин” мутаъаллиқ ба режими саҳюнистиро дар ҷануби минтақаи ишғолии Ҳайфо ҳадаф қарор додаанд.
Яҳё Сареъ таъкид кард, ки ин ҳамла бахше аз марҳилаи панҷуми ҳимоят дар набарди фатҳи мавъуд ва ҷиҳоди муқаддас буда ва дар чорчӯби посух ба таҷовузоти мудовими режими саҳюнистӣ алайҳи кишвари Яман ва мардуми Фаластин сурат гирифтааст.
Вай дар поён эълом кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Яман ҳамчунон омодаи иҷрои амалиётҳои бештар алайҳи душмани саҳюнистӣ дар сурати идомаи ҷиноёт ва таҷовузот ҳастанд.
Қаламонлайн