Ҳамлаи мушакии Ҳизбуллоҳ ба пойгоҳи низомиёни исроилӣ

Ҳамлаи мушакии Ҳизбуллоҳ ба пойгоҳи низомиёни исроилӣ

Ахбори байналмилал

Irna

Муқовамати исломии Лубнон аз ҳамлаи мушакӣ ба як пойгоҳи низомиёни саҳюнист хабар дод.

Ба гузориши Ирно ба нақл аз Алманор, муқовамати исломии Лубнон эълом кард, пойгоҳи исроилии Бирка-Ришо воқеъ дар шимоли Фаластини ишғолиро ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор додааст.

Пештар низ расонаҳо гузориш дода буданд, ки чандин мушак аз хоки Лубнон ба самти як мавзеъи низомии режими саҳюнистӣ дар минтақаи Алҷалили улё партоб шудааст.

Ҳизбуллоҳи Лубнон низ дар баёнияе дар ин бора эълом кард: “Размандагони мо пойгоҳи Баёз-блидоро бо силоҳҳои муносиб ҳадаф қарор доданд.

Ҳизбуллоҳи Лубнон аз ҳадаф қарор гирифтани дақиқ ва мустақими аҳдофи таъйиншуда дар ин ҳамла хабар дод.

Бо оғози амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” тавассути гурӯҳҳои муқовамати Фаластин, Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ростои саргарм кардани бахши умдае аз низомиёни саҳюнист дар шимоли Фаластин ва коҳиши фишор бар муқовамат дар Ғазза, иқдом ба анҷоми амалиётҳои рӯзона ва сангин алайҳи аҳдофи режими саҳюнистӣ дар дохили хоки Фаластин кардааст.

Дар ин бора расонаҳои саҳюнистӣ низ борҳо эътироф кардаанд, ки Ҳизбуллоҳ дар шимоли сарзаминҳои ишғолии Фаластин ҳамчунон дасти бартарро дорад ва артиши Исроил дар ин минтақа ба дом афтодааст.

Irna

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Foreign Policy: Омрико дар фикри хуруҷ аз Сурия аст
Барномарезии хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Ироқ

Матолиби пурбоздид