Ҳамлаи муқовамати исломии Ироқ ба Исроил
Ахбори байналмилал
Аlmayadeen
Манобеи хабарӣ бомдоди панҷшанбе (28 декабр) аз ҳамлаи муқовамати исломии Ироқ ба минтақае дар ҷануби Фаластини ишғолӣ (Исроил) хабар доданд.
Ба гузориши Алмаёдин, муқовамати исломии Ироқ эълом кард, ки бо таслеҳоти муносиб ба як ҳадафи муҳим дар шаҳраки саҳюнисти Илёд воқеъ дар ҷануби Фаластини ишғолӣ (Исроил) ҳамла кардааст.
Дар ҳамин робита, расонаҳои саҳюнистӣ аз суқути як паҳподи интиҳорӣ ба ҷануби Ҷулони ишғолӣ хабар доданд.
Ҳамла ба маркази ҷосусии саҳюнистӣ дар Курдистон
Муқовамати исломии Ироқ бо силоҳҳои муносиб як маркази ҷосусии фаннии вобаста ба режими саҳюнистӣ дар шимоли шарқи Арбилро ҳадаф қарор дод.
Ба гузориши Алмаёдин, муқовамати исломии Ироқ бомдод панҷшанбе (28 декабр) аз анҷоми ҳамла ба як Маркази ҷосусӣ-фаннӣ”-и режими саҳюнисти дар минтақаи Курдистони Ироқ хабар дод.
Муқовамати Ироқ тайи баёнияе гуфт, ки дар ҳимоят аз мардуми Ғазза ва посух ба куштори занон ва кӯдакони фаластинӣ, бо силоҳҳои муносиб як маркази ҷосусӣ-фаннии вобаста ба режими саҳюнисти дар шимоли шарқи Арбилро ҳадаф қарор дод.
Аlmayadeen
Қаламонлайн