Ҳизбуллоҳ: “Камин алайҳи нерӯҳои нухбаи исроилӣ, оғози роҳ буд”
Ахбори байналмилал
Ҳизбуллоҳи Лубнон (чаҳоршанбе) камини маргбор ва созмондеҳишудаи размандагони муқовамат дар ҷабҳаи ҷануб алайҳи нерӯҳои зубда ва нухбаи исроилиро тоза оғози роҳ донист.
Расонаҳои исроилӣ гузориш доданд, ки Ҳизбуллоҳ дар камине дар Ал-Адасия (марзи Лубнон ва Фаластин) зимни муқобила бо нуфузи 20 нерӯи нухба (коммандо)-и исроилӣ, муваффақ шуда теъдоде аз онҳоро кушта ва теъдодеро захмӣ кунад.
Гуфта мешавад, ки дастикам 4 болгард барои интиқоли захмиҳо ба минтақа эъзом шудааст ва куштаҳо ва захмиҳо ба бемористонҳо дар Ҳифо ва Сафад ва Телавив мунтақил шудаанд.
Қаламонлайн