Ҳикояти малик ва марди порсо
Ҳикоёте аз Гулистон
Яке аз мулуки беинсоф порсоеро пурсид:
Аз ибодатҳо кадом фозилтар аст?
Гуфт: Туро хоби нимруз то дар он як нафас, халқро наёзорӣ.
Золимеро хуфта дидам нимрӯз
Гуфтам ин фитнаст, хобаш бурда беҳ
В-он ки хобаш беҳтар аз бедорияст
Он чунон бад зиндагонӣ, мурда беҳ.
Ҳикояти 12; Дар сирати подшоҳон, Гулистони Саъдӣ
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн