Ҳозирҷавобии Хоҷа Насир

Адаб
Ҳозирҷавобии Хоҷа Насир
Дар “Қасасул-уламо” нақл шудааст:
Вақте модари Ҳалокухони муғул аз дунё рафт, яке аз дарбориёнаш, ки нисбат ба Хоҷа Насир ҳасодат меварзид, ба Ҳалокухон, ки тоза мусалмон шуда буд гуфт:
– Дар қабр Накиру Мункир аз эътиқодот ва аъмоли одамиён суол мекунанд ва модари шумо бесавод аст ва аз ҷавоб додан оҷиз, хуб аст, ки Хоҷа Насируддини Тӯcиро дар қабр ҳамроҳи ӯ кунӣ, ки ба ҷойи модарат ҷавоби Накиру Мункирро бигӯяд.
Хоҷа Насир, ки ҳила ва тарфанди он дарбориро ёфта буд, фавран ба Ҳалокухон гуфт:
– Эшон рост мегӯяд, аммо суоли Накиру Мункир барои ҳама аст ва аз худи шумо ҳам суол мешавад. Хуб аст маро барои қабри худ нигаҳ доред ва ин дарбориро ҳамроҳи модари худ дар қабр кунед, то ба суолҳои модаратон ҷавоб гӯяд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қуръон ва Наполеон
Кабирӣ: Русия ба муҳоҷирон фишор наоварад!

Матолиби пурбоздид