Ҷавоби ин суолҳо чист?

Ҷавоби ин суолҳо чист?

Худшиносӣ ва саодат – III

Сайидюнус Истаравшанӣ

Бахши cуввум

Идомаи матлаб

Сухан дар бораи “худшиносӣ” буд ва ин ки “худ”-и инсон барои ӯ ҳанӯз маҷҳулу ношинохта аст ва намедонад, ӯ чист. Аммо бо ин вуҷуд, инсон ба гунае офарида шуда, ки он ҷавҳар (“худ”), бо камтарин таваҷҷӯҳ, барои ӯ макшуф мешавад.

Ва ин таваҷҷӯҳ, замоне ҳосил мешавад, ки суолҳое пеши инсон матраҳ бишаванд, ки ҷавобашон равшан аст; суолҳое, ки қарор нест инсон ҷавоби онҳоро аз касе бипурсад; ҷавоби онҳо пеши худи ӯ ҳаст. Дуруст мисли он ки агар дарахте биҷунбад ва шумо бихоҳед бидонед он дарахт чаро ҷунбида, аз касе, ки онҷост намепурсед, ки чаро ҷунбида? Зеро ҷавобаш возеҳ аст, чун боду шамоле вазида ва онро ба ҷунбиш оварда. Агар аз касе пурсидед, ки чаро ин дарахт меҷунбад ва иллаташ чист, ӯ аз ин ки чунин чизеро аз ӯ мепурсед, тааҷҷуб мекунад ва шояд шуморо аз ҷумлаи девонаҳо шуморад.

Бинобар ин, барои он ки ҷавоби ин суол, ки “худ”-и инсон кадом аст ва ба дунболи чист бароятон пайдо шавад, чанд суоле дар инҷо матраҳ мекунам бе он ки ҷавоби онҳоро нависам, зеро хеле возеҳу равшан ҳастанд ва бо кучактарин таваҷҷӯҳ, меёбед:

1) Чаро мехоҳед мавриди таваҷҷӯҳ бошед ва фақат дар бораи шумо ва корҳои шумо бигӯянд? Чаро?

2) Чаро дӯст доред одамҳо шуморо як инсони олим, огоҳ, бобасират ва одами хуб шуморанд, на як ҷоҳил, нодон, бебасират ва одами бад? Магар назари дигарон бароятон муҳим аст? Оё агар пеши одамҳо ба унвони як одами хуб хонда шавед, шоху дум дармеоваред ва шикаматон сер мешавад? Назари одамҳо дар бораи шумо, оё шикаматонро сер хоҳад кард?

3) Чаро дӯст доред одил хонда шавед, на золиму ситамгар? Ҳатто як ҳокими ситамкор дӯст надорад, золим ва диктотур ва худкома хонда шавад. Чаро? Агар шумо дар воқеъ золим бошед ва шуморо ба ҳамин унвони воқеиятон бихонанд, чаро нороҳат мешавед? Чаро ҳозиред касеро, ки золиматон мехонад, нобудаш созед? Магар мӯътақид нестед, ки одам дар ин дунёи чоррӯза, ба гуфтаи шумо, фақат хуб бихӯрад, хуб бихобад, хуб бичарад ва хуб зиндагӣ кунад? Вақте мурдед, дигар мурдаед ва несту нобуд шудаед, чӣ ин ки одамҳо шуморо золим хонда бошанд ва чӣ одил.

4) Чаро аз ин ки касе шуморо саббу дашном ва ҳақорат кунад, нороҳат мешавед? Магар чӣ шуда?

5) Чаро дӯст надоред обрӯятон рехта шавад? Обрӯ ба ҳадде бароятон муҳим аст, ки барои он ки рехта нашавад, ҳатто ҳозиред ҷонатонро нисор кунед. (Ва ин дуруст аст, обрӯи одам бояд барояш ба ҳадде муҳим бошад, ки барои ҳифзи он, ҳозир бошад ҷонашро нисор кунад.)

Чаро шахсияти шумо бароятон то ба ин ҳадд азиз аст? Магар мӯътақид нестед, инсон фақат ҳамин ҷасаду бадан асту бас ва бо мурдан, нобуд мешавад ва ба адам мепайвандад?

Агар обрӯятон ҳифз шавад, магар шоху дум дармеоваред ва шикаматон сер мешавад?

Чаро гумон мекунед, шумо тофтае ҷудобофта ҳастед?

6) Чаро дӯст доред барои дифоъ як амри муқаддас кушта шавед? Шумо, ки мӯътақидед, одам фақат ҳамин дунёро дорад ва охирате нест ва вақте мурд, дигар несту нобуд мешавад. Агар чунин боваре доред, пас чаро ҳозиред барои Ватан кушта шавед ва ҷон диҳед? Чаро?

Агар барои Ватан кушта шавед, магар ҳаёти дигаре ба шумо хоҳанд дод, ки дар он, ҷовидон хоҳед монд? Оё шумо дар ташхиси ин амри муқаддас (ки оё Ватан аст ё чизе дигар) иштибоҳ накардаед? Ва ба истилоҳ, дар ташхиси камол, иштибоҳ намекунед?…

Ва садҳо ва балки ҳазорон суоле ҳаст, ки ҷавобашон мисли равшании хуршед, барои инсон возеҳ аст ва инҷо фақат 6 суолро ба унвони намуна овардам ва ба зеҳнам омад. Барои ёфтани ҷавоби ин суолҳо фақат як таваҷҷӯҳ ва руҷӯъ ба замир ва пок кардани қалб аз зангорҳо кофист.

Ҷавоби ин суолҳо дар як ҷумла аст, ки дар ёддошти баъдӣ ба он ишора хоҳад шуд.

Идома дорад…

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сармоягузории Туркия дар бахшҳои иқтисодии Тоҷикистон
Муҳаббат аст оинам

Матолиби пурбоздид