Ҷанги дубораи Эрон ва Исроил
Байналмилал
Таҳлили Миршаймер дар ҷанги дубораи Эрон ва Исроил
Ҷанги дубораи Исроил бо Эрон хатои бузурге хоҳад буд!
Ҷон Миршаймер, устоди машҳури равобити байналмилали Донишгоҳи Чикагои Омрико, дар таҳлили ҷадиди худ аз вазъияти даргириҳо дар Ховари Миёна, ба шиддат ба тасмимоти раҳбарони Исроил интиқод кард ва гуфт, ки оғози муҷаддади ҷанг бо Эрон хатои бузурге хоҳад буд. Миршаймер гуфт:
“Раҳбарон Исроил фоқиди дирояти роҳбурдианд ва бо тасмимоти худ вориди бӯҳрон шудаанд. Таҳдиди Исроил Котс (вазири ҷанги Исроил) ба ҳамлаи муҷаддад ба Эрон, фоқиди мантиқи низомӣ аст… Бисёре дар Эрон мӯътақиданд, ки пазириши оташбас иштибоҳ буд, зеро тавозун ба нафъи Эрон буд. Эрон дар ҷанги фарсоишӣ мавқеияти беҳтаре дошт ва Исроил ба далели нотавонӣ дар идомаи даргириҳо хостори поёни он шуд… Исроилиҳо фаҳмиданд, ки дар ҷанги фарсоишӣ пирӯз нахоҳанд шуд. Эрониҳо мушакҳои зиёде доранд ва ин мушакҳо бисёр роҳат аз садди дифоӣ убур мекунанд… Барои кишваре мисли Исроил ворид кардани хасорот бисёр осон аст…”
Қаламонлайн