Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон имрӯз дар чӣ вазъе қарор дорад?

Таҳлили хабарӣ

Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон имрӯз дар чӣ вазъе қарор дорад?

Гузориши таҳлилӣ

Ба гуфтаи Кабирӣ, раиси Паймони Милли Тоҷикистон, ки дар нишасти САҲА (Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо) матраҳ гардид, имрӯз, ҳукумати Тоҷикистон камтарин интиқодро ҳам таҳаммул надорад. Вай бо ишора ба ин мавзӯъ гуфт, то соли 2015 миқдоре озодиҳои шаҳрвандӣ вуҷуд дошт, ба ҳадде ки бархе созмонҳо ва фаъолони ҷамъиятӣ иҷоза доштанд ба мавзуоти фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ва ба дур аз сиёсат изҳори назар кунанд, аммо имрӯза ҳамон миқдор озодиҳо ҳам маҳдудтар шудааст.

Машрӯи суханронии Кабирӣ дар ин нишсат ба шарҳи зайл мебошад:

Суханронии Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон дар нишасти САҲА дар шаҳри Варшава:
Хонумҳо ва ҷанобон!

Бояд бо таъассуф гуфт, ки дар кишвари мо Тоҷикистон дигар ҷомеаи шаҳрвандӣ ба маъное, ки мову шумо мефаҳмем, вуҷуд надорад. Пас аз саркубҳои соли 2015, ки хукумат на танҳо ҲНИТ, муҳимтарин ҳизби оппозитсиониро мамнӯъ кард, балки даҳҳо расонаҳои мустақил ва созмонҳоро таътил намуд, то имсол як ҷомеаи шаҳрвандии нимзиндае вуҷуд дошт.

Бархе созмонҳо ва фаъолони ҷамъиятӣ иҷозат доштанд ба мавзуъҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва дур аз сиёсат машғул шаванд. Барои мисол, касе ба масъалаи зиндониҳои сиёсӣ, фишор болои хешу табори мухолифин ва танқиди ҳукуматдорон даст намезад. Ва метавон гуфт, як шартномаи нонавишта байни ҳукумат ва чанд созмону фаъолони ҷамъиятӣ вуҷуд дошт, ки онҳо ба кадом мавзӯъ метавонанд даст зананд ва ба кадом мавзӯъ не.

Аммо, имсол вазъият комилан тағйир кард ва Ҳукумат ҳатто ҳамон ҷомеаи шаҳрвандии контролшуда ва нимзиндаро ҳам дигар таҳаммул накард, ки ин нишонаи расидани кишвари мо ба болотарин сатҳи худкомагӣ мебошад. Мо имсол шохиди се амали фоҷеабори ҳукумат барои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар шудем:

Куштори оммавӣ дар Бадахшон алайҳи ақаллияти помирӣ, ки дар натиҷа наздики 50 нафар инсони бесилоҳ ва бегуноҳ дар як амалиёти низомии ҳукумат, барои саркуби тазоҳургарон кушта шуданд;

Садҳо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон, аз ҷумла, адвокатҳо, рӯзноманигорон ва фаъолони мардумӣ зиндонӣ ва ё фирорӣ гаштанд;

Ҳадди акал 10 рӯзноманигор ва блогер барои фаъолиятҳои касбии худ, бо баҳонаҳои сохта боздошт шуданд ва бархеро муддатҳои тулонӣ зиндон таҳдид мекунад.

Бале, ҳануз ҳам ҳастанд дар кишвар бархе созмонҳо ва афроде, ки бо эҳтиёт ва бо гирифтани риски зиёд ба ҷону озодии худ, талош мекунанд иҷозат надиҳанд, ки ҳукумат охирин садоҳоро ҳам хомӯш кунад. Аммо, дигар ин ба садо монанд нест, балки бештар нолишҳои пасте мебошанд, ки дигар ба пойтахтҳо ва долонҳои байналмиллалӣ намерасанд.

Саркуб шудани ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварҳое мисли Россия , Белорус ва Тоҷикистон натиҷаи сиёсатҳои яксола ва кӯтоҳмуддат нест. Нишонаҳои он солҳо пеш маълум буд ва мо, намояндагони гуруҳҳои мухолиф ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ин кишварҳо борҳо аз ин минбарҳо ҳушдор медодем ва даъват мекардем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, олами мутамаддин бояд чораҳои ҷиддӣ бияндешад.

Аммо, ҷаҳон вақт ва энергияи зиёдеро харҷи муколама ва ҳамкорӣ бо ин режимҳои ислоҳнашаванда кард. Ва дар натиҷа мо он чизеро дорем, ки имрӯз дар Россия, Белорус , Тоҷикистон ва дигар кившарҳои шабеҳ мебинем.

Набояд фаромуш кард, ки ҳукуматҳои саркӯбгар ва дарозумр алакай таҷриба ҳосил кардаанд, ки чи тавр гуфтугӯ бо кишварҳои демократиро ба як раванди тулонӣ ва «гуфтугӯ дар бораи ҳеҷ» табдил бидиҳанд ва дар охир бештарин фоидаро барои таҳкими ҳокимияти худ ба даст биёранд. Ва бар натиҷаи ин муколамаҳои доимӣ дар бораи «ҳуқуқи башар, демократикунонӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ» на танҳо вазъ беҳтар нашуд, балки дар мисоли кишвари мо, ба маротиб бадтар ҳам шуд.

Вақти он расидааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин сиёсати худ таҷдиди назар намояд, зеро муколамаи бидуни пешрафт ва натиҷа бо ин ҳукуматҳо танҳо ва танҳо бар зарари ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ба фоидаи ҳукуматҳои саркубгару диктотурӣ мебошад.

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тоҷикистон ва Эрон дар масири ҳамкориҳои тиҷорӣ ва тронзитӣ
Осори адабии Устод Садриддин Айнӣ

Матолиби пурбоздид