Ҷузъиёти иқтисодии тафоҳумномаи Эрон ва Амрико
Ахбори байналмилал
Ҷузъиёти бахши иқтисодии тафоҳумномаи Эрон ва Амрико аз забони раиси Бонки марказии Эрон
Ҳимматӣ, раиси кулли Бонки марказии Ҷ.И.Эрон гуфт:
“Дар ҷараёни музокироте, ки бо давлати Амрико анҷом шуд ва давлатҳои Қатар ва Покистон низ ба унвони миёнҷӣ ҳамроҳӣ мекарданд, ду тасмими муҳим дар иртибот бо бахши иқтисодии тафоҳумнома дар Суис (Швейтсария) гирифта шуд.
Аввалин тасмим, марбут ба озодсозии манобеи масдудии Эрон буд. Бар асоси тафоҳумнома, муқаррар шуда буд, ки ин манобеъ ба тадриҷ ва дар ҷараёни музокирот озод шаванд, ки 12 миллиард доллари он дар марҳилаи аввал ва мобақӣ низ дар мароҳили баъдӣ озодсозӣ хоҳад шуд”.
Қаламонлайн













