Ҷузъиёти ҳамлаи Яман ба Исроил

Ҷузъиёти ҳамлаи Яман ба Исроил

Ахбори байналмилал

Ҷузъиёти ҳамлаи Яман ба қалби Исроил аз забони сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар

Артиши Яман дар идомаи ҳимоятҳои худ аз мардуми Ғазза ва посух ба ҷиноёти саҳюнистҳо, амалиётҳои мушакӣ ва паҳподӣ анҷом дод, ки дар ҷараёни он, Қудси ишғолӣ ва минтақаи Илот ҳадаф қарор гирифт.

Ба гузориши Алмасира, сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман аз ҳамлаи мушакӣ ба аҳдофи муҳимме дар атрофи шаҳри Қудси ишғолӣ хабар дод.

Вай хабар дод, ки ин амалиёт, бо мушаки болистики фаросавти “Фаластин-2” анҷом шудааст. Ин мушак, дорои кулоҳаки боронӣ аст.

Кулоҳаки боронӣ ё кулоҳаки боришӣ аз чандин ва чанд навъ кулоҳаки кучак ташкил шудааст, ки исобати бештаре дорад.

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман бо ишора ба ин ки амалиёти мазкур муваффақиятомез буда, таъкид кард, ки дар пайи ин ҳамла, миллионҳо саҳюнист равонаи паноҳгоҳҳо шуданд.

Сареъ ҳамчунин хабар дод, ки дар канори ин ҳамлаи мушакӣ, артиши Яман, бо се паҳпод, фурудгоҳи Ромун ва ду мақарри муҳимро дар минтақаи Илот дар ҷануби Исроил ҳадаф қарор додааст.

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бояд ба маишати мардум расидагӣ шавад
Баёнияи Эрон дар маҳкумияти ҳамлаи низомии Исроил алайҳи Қатар

Матолиби пурбоздид