19 ҳазор нафар донишҷӯён ва хонандагон дар Хуҷанд, ба «маршировка» ҷалб шудаанд

19 ҳазор нафар донишҷӯён ва хонандагон дар Хуҷанд, ба «маршировка» ҷалб шудаанд

Ахбори минтақа

19 ҳазор нафар донишҷӯён ва хонадагони мактаб дар Хуҷанд ба «маршировка», ё тамрини барномаи фарҳангӣ барои таҷлили ҷашни Наврӯзи ҷумҳуриявии имсола бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷалб шудаанд. Дар ин бора «Азия Плюс» бо истинод ба як масъули ҳукуматии вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ба гуфтаи ин масъули, барномаи фарҳангӣ ва асосии Наврӯзи ҷумҳуриявии имсола охири моҳи март дар варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолият» — и шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад ва барои омодагӣ ба он 19 ҳазор нафар, аз ҷумла ҳудуди 12 ҳазор нафар донишҷӯёну хонандагони мактаб  ҷалб шудаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, ба «маршировка» донишҷӯёну хонандагон аз донишгоҳҳову мактабҳои маркази вилоят ҷалб гардида, аввал дар 4-5 минтақаи шаҳри Хуҷанд тамрин кардаанд ва наздики як ҳафта мешавад, ки ҳамаи онҳо дар варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолият» тамрин мекунанд.

Бояд гуфт, ки баҳси ҷалби донишҷӯён ба тамринҳои идона ё «маршировка» чандин сол аст, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон баррасӣ мегардад. Донишҷӯён иддао доранд, ки онҳоро иҷборан ба тамрин меоранд ва дар ҳолати саркашӣ, бо хориҷ кардан аз донишгоҳу мушкил бар супоридани санҷишу имтиҳонот таҳдид мекунанд. Аммо дар посух, масъулини ташкили ин гуна чорабиниҳо, аз ҷумла вазоратҳои маориф, ҷалби донишҷӯён ба “маршировка”-ро амали маъмулӣ ва афзояндаи ҳисси ватандӯстии ҷавонон донистаанд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Афви байналмилал: Ҷанги Украина меъёрҳои дугонаи Ғарбро бармало кард
Эътирози мухолифин дар Варшава, дар вокуниш ба  сафари Раҳмон ба Аврупо

Матолиби пурбоздид