210 шаҳид дар ҳамлаи ҷадиди Исроил ба Ғазза

210 шаҳид ва садҳо маҷрӯҳ дар ҳамлаи ҷадиди Исроил ба Ғазза

Ахбори байналмилал

Asriran

Дафтари иттилоърасонии давлатӣ дар Ғазза эълом кард, теъдоди шуҳадои ҳамлаи артиши Исроил ба урдугоҳи Насирот дар маркази минтақаи Ғазза, ба 210 нафар ва беш аз 400 захмӣ расидааст.

Ба гузориши Asriran ба нақл аз Алҷазира

Бемористони “Шуҳадои Алақсо” мамлув аз маҷрӯҳон ва аҷсоди шуҳадост. Аксари онҳо кӯдакон ва занон ҳастанд, ки ба далел набуди тахт ва таҷҳизоти аввалияи пизишкӣ, рӯйи замин ва дар роҳравҳои бемористон қарор доранд.

Халил ал-Диқрон, сухангӯи бемористон гуфт, теъдоди зиёде аз маҷрӯҳон ба далели вахим будани шароит ва набуди имконоти пизишкӣ, дар маърази хатари марг қарор доранд.

Омбулонсҳо ҳамчунон дар ҳоли интиқол маҷрӯҳон аз манотиқи мухталифи урдугоҳи Насирот ҳастанд, дар ҳоле, ки бомбборони ин урдугоҳ идома дорад.

Сухангӯи Ҳилоли Аҳмари Ғазза ба Алҷазира гуфт, ки нерӯҳои ишғолгар амалиёти куштори ҷамъиро анҷом доданд, ки даҳҳо шаҳид ва маҷрӯҳ бар ҷой гузошт. Вай гуфт, пас аз тасаллути Исроил бар гузаргоҳи Рафаҳ, системи беҳдошт ва дармон, аз камбуди шадид ранҷ мебарад.

Ҷанги Исроил алайҳи Ғазза аз 8 моҳ қабл (7 октябри соли гузашта) шурӯъ шуд ва то кунун идома дорад. Дар ин ҷанг то кунун беш аз 36 ҳазор нафар кушта шуданд, ки аксари онҳо ғайринизомӣ аз ҷумла занон ва кӯдакон ҳастанд.

Дар асари ин ҷанг аксарияти ҷамъияти 2.3 миллион нафарии минтақаи 360 километр мураббаъи Ғазза овора шудаанд.

Вазорати беҳдошти Фаластин дар Ғазза эълом кард, шумори зиёде аз куштаҳо ва захмиҳо ба бемористони “Шуҳадои Алақсо” расиданд, ки аксари онҳо занон ва кӯдакон ҳастанд.

Asriran

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ростгӯии кӯдакон аз куҷо сарчашма мегирад?
Чаро мо зоҳирпарастем?!

Матолиби пурбоздид