Пасларзаҳои ҳазфи Эрон аз Комиссияи мақоми зани СММ
Ахбори ҷаҳон
Пас аз шурӯи иғтишошот дар Эрон, ба баҳонаи фавти Маҳсо Аминӣ ва ҳимоятҳои ошкору пинҳони ғарб ва махсусан Амрико ва Аврупо аз иғтишошгарон, бо судури баёнияҳои мудохилаҷуёна ва эъмоли таҳримҳои мутааддид, масъалаи ҳазфи Эрон аз Комиссияи мақоми зани СММ ба миён омад.
Дар ниҳоят, қатъномаи ҳазфи Эрон аз Комиссияи мақоми зани Созмони Милал, дар торихи 14-декабри соли ҷорӣ, бо 29 райъи мувофиқ, 8 райъи мухолиф ва 16 райъи мумтанеъ ба тасвиб расид.
Аз тарафе, мақомоти эронӣ, ки иқдомро аз ноҳияи Амрико мебинанд, онро нишонаи якҷонибагароӣ ва ҳамлаи ошкор ба бунёди қонунмадории системаи СММ ва тамасхури чандҷонибагароӣ донистаанд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн