Ҳамоиши хушнависӣ дар Душанбе баргузор хоҳад шуд
Ахбори фарҳангӣ
Ҳамоиши байналмилалии хушнависӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Ба гузориши parstoday ҳамоиши байналмилалии ҳунари хушнависии мардуми Тоҷикистон ва мероси мактубии шарқ 27-феврал дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад
Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш, намоиш ва ривоҷи ҳунари хушнависии мардуми Тоҷикистон шоҳкоре, ки дар осорхонаҳо, китобхонаҳо ва муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва ҳамчунин хориҷ аз кишвар нигаҳдорӣ мешаванд эълом шудааст.
Ҳамчунин ин руйдод ба манзури барқарории равобит бо марказҳои фарҳангии кишварҳои дигар баргузор мешавад, ки дар он намунаҳои анвои хушнависии бостон ва қуруни вусто мавриди мутолиа қарор хоҳад гирифт.
Ҳамоиш ба сурати ғайриҳузури ва бархат – онлойн баргузор мешавад.
Андешмандоне аз кишварҳои Фаронса, Русия, Британия, Қазоқистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳамоиш ширкат хоҳанд кард.
Сомонаи фаҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн