Мавъизаи ғалат ё фирор додан аз роҳи рост

Мавъизаи ғалат ё фирор додан аз роҳи рост

Муртазо Мутаҳҳарӣ (Ҳамосаи ҳусайнӣ)

Чанд намуна аз амр ба маъруфҳои ғалат

Яке аз оқоёни хутабо нақл мекард, ки марде дар Машҳад аслан бо дин пайванде надошт; на танҳо намоз намехонд ва рӯза намегирифт, балки ба чизе эътиқод надошт, як одами зидди дин буд. Мо муддати зиёде бо ин одам сӯҳбат кардем, то ин ки нарму мулойим ва воқеан мӯътақид ва мӯъмин шуд ва равиши худро ба куллӣ тағйир дод; намозашро мехонд, рӯзаашро мегирифт ва кораш ба ҷое кашид, ки бо ин ки идорӣ буд (дар замони қабл аз инқилоб, замони шоҳ) ва мақоми ҳассосе ҳам дар Хуросон дошт, муқайяд шуда буд, ки намозашро бо ҷамоат бихонад. Мерафт масҷиди Гавҳаршод пушти сари марҳум оқои Наҳовандӣ, либосҳояшро меканд, абое ҳам мепӯшид. Дар ҷаласоти мо ҳам ширкат мекард.

Муддате мо дидем, ки ин оқо пайдояш нест. Гуфтем лобуд рафтааст мусофират. Руфақо гуфтанд: на, ӯ инҷост ва намеояд, ҳоло чӣ тавр шудааст, ки дар ҷаласоти мо ширкат намекунад, намедонем. Баъд маълум шуд, ки дигар намози ҷамоат ҳам намеравад. Таҳқиқ кардем, бибинем, ки иллат чист. Ин марде, ки он тавр ба дину мазҳаб рӯ оварда буд, чӣ тавр якмартиба аз дину мазҳаб рӯ баргардонд? Рафтем суроғаш, маълум шуд қазия аз ин қарор будааст:

Ин оқо чанд рӯзи мутаволӣ (пай дар пай), ки рафта намози ҷамоат ва дар саффи чаҳорум-панҷум меистода, як рӯз яке аз муқаддасмаобҳое, ки дар саффи аввал пушти сари имом менишинанд ва таҳтулҳанак меандозанд ва намедонам мисвок чӣ ҷуре мезананд ва ҳамеша худашонро аз Худо талабкор медонанд, дар миёни ҷамъият, дар мавқеъи намоз, аз он саффи аввал баланд мешавад, меояд, то ин одамро пайдо мекунад. Рӯбарӯяш менишинад ва мегӯяд: оқо! Мегӯяд: бале. Як суоле аз шумо дорам. Бифармоед. Шумо мусалмон ҳастед ё на? Ин бечора дармемонад, ки чӣ ҷавоб бидиҳад. Мегӯяд: ин чӣ суоле аст, ки шумо аз ман мекунед? Мегӯяд: на, хоҳиш мекунам бифармоед, шумо мусалмон ҳастед ё мусалмон нестед? Ин бадбахт нороҳат мешавад, мегӯяд, ман мусалмонам; агар мусалмон набошам, дар масҷиди Гавҳаршод дар саффи ҷамоат чӣ кор мекунам? Мегӯяд: агар мусалмонӣ, чаро ришатро ин тавр кардаӣ? Аз ҳамонҷо саҷҷодаро бармедорад ва мегӯяд, ин масҷид ва ин намози ҷамоат ва ин дину мазҳаб моли худатон. Рафт, ки рафт. Ин ҳам як ҷур ба истилоҳ наҳй аз мункар кардан аст, яъне фиророндан ва безор кардани мардум аз дин. Барои мухолифтарошӣ, барои душмантарошӣ, чизе аз ин болотар нест.

Як вақте як достони хориҷӣ дар маҷаллае хондам. Навишта буд, духтаре хеле мазҳабӣ буд. Яке аз шоҳзодагон ошиқ ва алоқаманди ин духтар буд, вале марди шаҳватрон ва айёше буд ва мехост ӯро дар доми худаш биандозад ва ин духтар рӯи он иффат ва наҷобате, ки дошт ва ин ки пойбанди усули диёнат буд, ҳеч таслими ин оқо намешуд. Ҳар василае барангехт, ки ӯро гӯл бизанад, нашуд, ки нашуд. Дигар тақрибан маъюс шуда буд.

Гузашт. Як рӯз дид, касе аз тарафи ин духтар пайғоме овард ва хулоса ӯ омодагии худро барои ин ки бо ҳам бошанд ва муддате хуш бошанд, эълом кард. Шоҳзода тааҷҷуб кард. Рафт суроғи ӯ, дид, бале омодааст. Дар заминаи ин қазия таҳқиқ кард, ки ин духтар, ки он миқдор ба наҷобат ва иффати худаш пойбанд буд, чӣ гуна як дафъа рӯ овард ба айёшӣ ва фисқу фуҷур? Маълум шуд қазия аз ин қарор буда, ки як оқои кашиш баъд аз ин ки эҳсос мекунад, ки ин духтар як руҳи мазҳабӣ дорад, ба хаёли худаш барои ин ки ӯро мазҳабитар кунад, рӯзе аз ин духтар вақт мегирад ва меояд суроғи ӯ. Мегӯяд: ман барои ту ҳадияе овардаам. Зарфе буда ва рӯи он порчае қарор доштааст. Ҳадияро ҷилави ӯ мегузорад ва порчаро бармедорад, то онро нишон бидиҳад. Як вақт он духтар мебинад як каллаи мурда аз қабристон оварда. То чашмаш меафтад, такон мехӯрад, мегӯяд: ин чист? Мегӯяд: инро овардам, то шумо дар борааш фикр ва мутолеа кунед, бибинед дунё чӣ қадр бевафост! Ончунон нафрате дар дили ин духтар ба вуҷуд овард, ки на танҳо асари мавъизае набахшид, балки аз он вақт фикр кард, гуфт: ман ба аксаш амал мекунам; дунёе, ки оқибаташ ин аст, ин чаҳор рӯзи умрро асосан чаро ба ин авзоъ бигузаронем? Ба сӯи айёшӣ кашида шуд.

Ин ҳам як ҷур мавъиза ва насиҳат кардан аст ва бовар кунед, ки дар миёни мавъизаҳо ва насиҳатҳое, ки афрод мекунанд, амр ба маъруфҳо ва наҳй аз мункарҳое, ки сурат мегирад, бисёре аз худи ҳаминҳо мункар аст. Ман худам достоне дорам:

Дар айёме, ки дар Қум будем, тоза ин ширкатҳои мусофирбарӣ роҳ афтода буд. Омадем ба қасди Машҳад савор шудем. Баъд аз муддате ман эҳсос кардам ронандаи автобус нисбат ба шахси ман, ки муаммам (салладор) ҳастам, як ҳолати буғзу нафрате дорад. На ман ӯро мешинохтам ва на ӯ маро мешинохт. Мо як собиқаи шахсӣ надоштем. Дар Варомин, ки таваққуф кард, вақте хостам аз ӯ бипурсам, ки чӣ қадр таваққуф мекунед, бо як хушунате маро рад кард, ки дигар то Машҳад ҷуръат накунам як калима бо ӯ ҳарф бизанам. Пеши худам тавҷеҳе кардам, гуфтам, лобуд ин лоақал мусалмон нест, моддӣ аст, яҳудӣ аст. Пеши худам қатъ кардам, ки чунин чизе аст. Ёдам ҳаст он тарафи Симнон, ки расидем, баъд аз зуҳр буд, ман вақте рафтам вузӯ бигирам, то намоз бихонам, ҳамин ронандаро дидам, ки дорад поҳояшро мешӯяд. Муроқиби ӯ будам, дидам баъд, ки поҳояшро шуст, вузӯ гирифт ва баъд намоз хонд. Ҳайрат кардам: ин ки мусалмон ва намозхон аст! Вале робитааш бо ман ҳамон буд, ки буд. Шаб шуд. Пушти сари ман ду то донишҷӯи турбатӣ (аз шаҳри Турбат) буданд. Онҳо ҳам мехостанд айёми таътилот бираванд Хуросон (Турбат). Ӯ баръакс, ҳар чи, ки нисбат ба ман изҳори танаффур ва хушунат дошт, нисбат ба онҳо меҳрубонӣ мекард, онҳоро дӯст дошт. Шаб, ки маъмулан мусофирҳо мехобанд, аз яке аз онҳо хоҳиш кард, ки биёяд канораш бо ҳам сӯҳбат кунанд, то хобаш набарад. Ӯ ҳам рафт.

Ҳангоме, ки ҳама хоб буданд, як вақт ман гӯш кардам, дидам ин ронанда дорад саргузашти худашро барои он донишҷӯ мегӯяд. Ман ҳам ба диққат гӯш мекардам, ки бишнавам.

Аввалан аз мардуми Машҳад гуфт, ки аз онҳояшон, ки бо охундҳо иртибот доранд, бадам меояд; фақат аз онҳо, ки аъён ҳастанд, дар “Арк” ҳастанд, хушам меояд. Гуфт: хулоса инро бидон, ки дар миёни ҳамаи фомили ман, танҳо касе, ки ронанда аст манам. Боқӣ дигар дуктур ҳастанд, муҳандис ҳастанд, тоҷир ҳастанд, афсар ҳастанд. Бадбахти фомил манам. Гуфт: иллаташ чист? Гуфт: ман саргузаште дорам. Падари ман одами мусалмон ва бисёр мутадайине буд. Ман бачча будам, маро ба дабистон фиристод. Пешнамози маҳалла аз ин матлаб хабардор шуд, омад пеши падарам гуфт: ту баччаатро ба мадраса фиристодаӣ?! Гуфт: бале. Гуфт: эй вой! Магар намедонӣ, ки агар баччаат ба мадраса биравад, ломазҳаб мешавад? Падари ман ҳам аз бас одами авомм буд, ин ҳарфро бовар кард. Ман ҳам, ки бачча будам. Падарам дигар нагузошт дунболм дарс биравам. Маро дунболи корҳои дигар фиристод. Як рӯз баъд аз ин ки зану бачча пайдо кардам, фаҳмидам, ки аслан ман савод надорам.

Муаммо барои ман ҳал шуд, ки ин одам, бечора худаш мусалмон аст, вале худашро бадбахти синфи ман медонад, мегӯяд: ин аммома (салла) ба сарҳо ҳастанд, ки моро бадбахт карданд.

Ин як ҷур наҳй аз мункар аст, яъне рамондан, бадбахт кардани мардум ва душман сохтани мардум бо дин ва руҳоният. Баъд ман пеши худ гуфтам: Худо падарашро биёмурзад, ки фақат бо охундҳо душман аст, бо ислом душман нашуд; боз намозашро мехонад, рӯзаашро мегирад, ба зиёрати Имом Ризо меравад.

Ин, ба таври ғайри мустақим бар зарари ислом амал кардан аст.

Як достони дигар ҳам бароятон арз мекунам: марди мӯҳтараме аз талабаҳои бисёр фозил буд. Марди бисёр равшанфикр ва мутадайине аст. Аввал боре, ки ин одам кулоҳӣ мешавад, вақте, ки вориди яке аз маҷомеъ мешавад, тамоми дӯстон ва руфақояш ӯро, ки мебинанд, шурӯъ мекунанд ба ҳамла кардан ва таҳқир кардан. Ончунон ӯро нороҳат ва асабонӣ мекунанд, ки бо ин ки табъан одами ҳалиме аст, бармегардад як ҳарфи бисёр мантиқӣ ба онҳо мезанад. Мегӯяд, руфақо! Ман як ҳарфе бо шумо дорам: шумо дӯсти душманонатон ҳастед ва душмани дӯстонатон. Бароятон тавзеҳ медиҳам: ман фарде ҳастам мисли шумо; мисли шумо фикр мекунам, мисли шумо ба Худо ва Қуръон ва пайғамбар ва имомон мӯътақидам, мисли шумо дарс хондаам, мисли шумо тарбият шудаам. Ман бо шумо дар ҳазор чиз иштирок дорам. Ҳадди аксар ба қавли шумо як гуноҳ муртакиб шудаам — агар ин гуноҳ бошад — либосмро аҷолатан тағйир додаам, рафтаам дунболи коре, касбе, зиндагие. Фарз мекунем ин гуноҳ бошад. Шумо бо ман ончунон рафтор мекунед, ки маро маҷбур мекунед, ки бо шумо қатъи робита кунам. Ва як инсон ҳам, ки беиртибот наметавонад бошад, маҷбурам баъд аз ин бо синфи мухолиф ва душмани шумо дӯст бошам, чун шумо доред ба зӯр маро аз худатон тард мекунед. Пас ба ин далел, шумо душмани дӯсти худатон ҳастед, ки ман бошам. Вале шумо дӯсти душманонатон ҳастед. Баъд мисол мезанад, мегӯяд: фалон шахс дар ҳамаи умраш ҳеч вақт асосан тазоҳуре ҳам ба ислом надоштааст, аломате аз ислом дар ӯ набуда, ба Қуръон ва ислом изҳор эътиқод накардааст, маъруф аст ба ин ки золим ва ситамгар ва фосиқ ва шаробхор аст. Ҳамин одам, ки шумо аз ӯ интизор надоред, як дафъа мебинед омад ба зиёрати ҳазрати Ризо. Ҳамаатон мегӯед маълум мешавад одами мусалмоне аст. Ин дафъа вақте ӯро мебинед, бо ӯ хушу беш мекунед. Яъне аз ҳазор хислати ӯ нӯҳсаду наваду нӯҳтои он бар зидди шумо ва дини шумост. Чун аз ӯ интизор надоред, ҳамин қадр, ки як зиёрати ҳазрати Ризо омад, мегӯед на, маълум шуд мусалмон аст. Аммо дар мавриди он касе, ки аз ҳазор хислат, нӯҳсаду наваду нӯҳ хислаташ мусалмонӣ аст, як хислаташ ба қавли шумо хилоф аст, ба хотири ин хислат мегӯед ин дигар мусалмон нест ва аз ҳавзаи ислом хориҷ шуд. Пас шумо дӯсти душманонатон ҳастед, яъне кӯмак ба душманонатон мекунед ва душмани дӯстонатон ҳастед, яъне дар воқеъ душмани худатон ҳастед.

(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайидюнуси Истаравшанӣ)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Достони вазир ва сагҳои ваҳшӣ
Тумос Фредман: Натонёҳу “Исроил”-ро аз байн мебарад

Матолиби пурбоздид