Фуруши мех бидуни шиноснома мамнуъ!
Ахбори минтақа
Дар кишвар (Тоҷикистон), фуруши мех бидуни шиноснома мамнуъ шудааст.
Ба гузориши Радиои Озодӣ, ҳар нафаре, ки аз ин баъд, мех ва мехи печдор (саморез)-ро аз мағозаҳои масолеҳи сохтмонӣ харид мекунад, бояд шиносномаашро ба фурушанда ироа диҳад, то ному насаб ва шумораи шиносномааш ва чанд килограмм мех ё мехи печдор харидорӣ карданаш, дар дафтари махсус сабт шавад.
Далели ин корро мақомот “пешгирӣ аз фаъолиятҳои террористӣ” унвон кардаанд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн