Эрон: Амрико салоҳияти сухан гуфтан дар бораи ҳуқуқи башарро надорад

Эрон: Амрико салоҳияти сухан гуфтан дар бораи ҳуқуқи башарро надорад

Ахбори ҷаҳон

Ба гузориши Рarstoday, Носири Канъонӣ сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, гузориши солонаи Вазорати умури хориҷаи Амрико,  дар хусуси вазъияти ҳуқуқи башар дар Эронро дорои ангезаи сиёсӣ ва баромада аз рӯйкарди  мудохилаҷӯёнаи режими Амрико дар умури дохилии кишварҳои мустақил хонд ва афзуд:

Ин гузориш ҳеч гуна марҷаияте барои қазоват ва арзишгузорӣ нисбат ба мақулаи волои ҳуқуқи башар дар муносиботи байналмиллалӣ надорад.

Канъонӣ бо таъкид бар ҷойгоҳи рафеъ ва аҳамият ва асолати ҳуқуқи башар дар қонунуи асосӣ ва дигар қавонин ва муқарароти миллии Эрон ишора намуда ва тасреҳ кард:

Ҳеч интизоре аз режими салтаталаби Амрико барои баёни  ҳақоиқ ва воқеиятҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон намеравад.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба мавориди густардаи нақзи ҳуқуқи башар дар дохил ва хориҷ аз Амрико изҳор кард, Амрико риёкорона дар ҳоле худро муддаии дифоъ аз ҳуқуқи башар медонад, ки    мардуми Эрон медонанд, ки бо анвои таҳримҳои золимона, ғайриқонунӣ ва якҷониба алайҳи миллати Эрон, пайваста машғули нақзи ҳуқуқи башар алайҳи миллати Эрон аст ва илова бар он, бо ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ, алайҳи мардуми Эрон истодааст.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Халлоқият дар навиштан
Русия иҷозат намедиҳад НАТО тавозуни қудратҳоро баҳам занад

Матолиби пурбоздид