Чин: Амрико бузургтарин таҳиди амнияти ҷаҳонӣ

Чин: Амрико бузургтарин таҳиди амнияти ҷаҳонӣ

Ахбори байналмилал

Ба гузориши Рarstoday, Чин Амрикоро бузургтарин таҳдид алайҳи сулҳ, сабот ва амнияти ҷаҳонӣ донистааст.

Вазорати дифои Чин дар баёнияе Амрикоро бузургтарин таҳдид алайҳи сулҳ, сабот ва амнияти ҷаҳонӣ муаррифӣ карда афзудааст:

Пекин ҳомии сулҳу тавсеаи ҷаҳонӣ аст, дар ҳоле ки Амрико аз буҷети дифоии худ, ки болотарин буҷети низомии ҷаҳон ба шумор меравад, барои ҷангафрӯзиву ошӯбафканӣ дар нуқоти мухталифи ҷаҳон истифода мекунад.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин гуфт, Вазорати дифои Чин омода аст ба манзури тақвияти иртибототу ҳамоҳангиҳои роҳбурдӣ, ҳамкориҳои худро бо артиши Русия густариш диҳад.

Лозим ба ёдоварист, Ши Ҷинпинг, раиси ҷумҳурии Чин бистуми марти соли ҷорӣ дар Маскав бо Владимир Путин, ҳамтои русии худ дидор кард. Руасои ҷумҳури Чин ва Русия дар ин дидор дар хусуси ҳамкориҳои низомӣ байни ду кишвар тавофуқ намуданд.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин хотирнишон кард, Пекин омода аст тавофуқҳои сарони ду кишвар, аз ҷумла тақвияти ҳамоҳангӣ ва иртибототи роҳбурдии дуҷонибаро ба таври комил амалӣ кунад.

Ӯ инчунин гуфтааст, равобити Чин ва Русия  ба таври фазояндае мустаҳкам аст, вале ба манзалаи эътилофи сиёсӣ – низомии шабеҳи ҷанги сард алайҳи блок ё кишвари дигаре нест.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бе ишқи ту шеъри ман шиор аст…
Баргузории ҳамоиши сармоягузори рушди Тоҷикистон дар Ландан

Матолиби пурбоздид