Чанд нукта перомуни маҳкумияти Абдулҳаннон Маннонов
Таҳлили хабарӣ
Чанд рӯз пеш дар хабарҳо омада буд, ки руҳонии тоҷик, Абдулҳаннон Маннонов, ба далели мухолифаташ бар рақсу бозӣ дар туйи бародарзодааш, ба ифротгароӣ айбдор шуда ва додгоҳ ӯро ба 6 сол зиндон маҳкум намудааст; дар ин маврид, дар фазои маҷозӣ назарҳои мухолифу мувофиқи бисёре кошта шудааст. Аз ҷумла андешаманди тоҷик ҷаноби Сайидюнуси Истаравшанӣ низ нукотеро ёдовар шудааст, ки лозим донистем онро матраҳ кунем.
***
Вақте як мулло дар Тоҷикистон муттаҳам ба “ифротгароӣ” ва 6 сол зиндон маҳкум мешавад
(Чанд нукта дар бораи ба 6 сол зиндон маҳкум шудани мулло Абдулҳаннон Маннонов)
Дар хусуси иттиҳоми мулло Абдулҳаннон Маннонов ба “ифротгароӣ” ва равона карданаш ба зиндон ба муддати 6 сол, ду се нукта ҳаст, ки лозим дидам арз кунам:
1) Вожае, ки дар Тоҷикистон барои аҳаде – на як ҳукуматӣ ва на як мухолиф – маънояш ҳанӯз равшан ва возеҳ нест ва ҳар касе ба дилхоҳи худаш онро барои мухолифи худ ба кор мебарад, ин вожаи “ифротгаро” аст. Як мисдоқи он, иттиҳоми мулло Абдулҳаннон Маннонов ба “ифротгароӣ” ва ба хотири он, маҳкум шуданаш ба 6 соли маҳрумият аз озодӣ аст.
Ҳоло, чаро ин бандаи Худо ба “ифротгароӣ” муттаҳам шуд? Оё барои ин ки ӯ намехост тӯйи бародарзодааш бо рақсу суруду нишеманҷунбонӣ гузарад? Ё на, балки ба хотири пархошгарӣ кардан ва бо меҳмонҳо рафтори нописанд доштан?
Дар ҳар ду сурат, яъне чӣ иттиҳоми вай ба хотири манъаш аз нишманҷунбонӣ бошад ва чӣ ба хотири рафтори нописандаш, дар ҳар ду сурат, кори ҳукумат тавҷеҳнопазир аст. Зеро дар сурати аввал, оё тибқи қонуни ҷазоӣ (ва ба истилоҳ, кодекси ҷиноятӣ) дар Тоҷикистон, касе, ки аз баргузории тӯй бо рақсу суруд манъ кунад, ифротгаро ва тундрав дониста шуда ва аз ин рӯ, ҷазояш 6 сол зиндон аст? Феълан, коре ба ҳукми фиқҳии рақсу суруд дар тӯй надорам, ин баҳсаш ҷудост, балки ҳарфам ин аст, ки оё манъи баргузории тӯй ба рақсу суруд ифротгароӣ аст? Агар чунин аст, пас вой ба ҳоли қонунгузорӣ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин вой ба ҳоли қонунгузорон!
Аммо агар ба хотири рафтори нописанди ӯ бошад, дар ин сурат низ суол пайдо мешавад, ки якчунин рафторе доштан – рафторе, ки ҳамагон дар фазои маҷозӣ аз Абдулҳаннон Маннонов диданд – тибқи қонун оё ифротгароие аст, ки ҷазояш маҳрумият аз озодӣ ва ба муддати 6 сол зиндон шудан аст? Агар чунин аст, пас дар ин сурат, аксарияти тоҷикистониён ва дар раъси онҳо худи мақомот, ифротгаро дониста шуда ва ба зиндон фиристода шаванд. Оё чунин нест?
2) Зимоми ҳукумат дар Тоҷикистон дар дасти афроде қарор дорад, ки воқеан ифротгаро ҳастанд, вале зоҳиран худашон намедонанд. Оё ҳамин кори шумо, мақомоти мӯҳтарам!, ки шаҳрвандеро ба хотири манъаш аз к…нҷунбонӣ ба 6 сол зиндон мефиристед, ифротгароӣ ва тундравӣ нест? Ифротгароӣ ва тундравӣ, ки қарор нест фақат мисдоқаш одамони диндор бошанд, балки ҳар касе ва бо ҳар равишу манишу гароише тундравӣ кунад – масалан, тундравӣ дар секулор будан – ӯ ифротгарост. Ин ифротгароӣ ва тундравии шумо дер ё зуд гиребонатонро мегирад. Худатон ба чашмонатон хоҳед дид.
3) Вокуниш ба маҳкум кардани мулло Абдулҳаннон Маннонов аҷибу ғариб аст. Баъзе аз касоне, ки худашонро озод ва аҳёнан “зиёӣ” ва “равшанфикр” медонанд, оё боваратон мешавад, ки аз ин ҳукми дастгоҳи қазоии Раҳмон тарафдорӣ мекунанд? Ин воқеан аҷиб аст! Албатта, банда инҳоро дарк мекунам. Тундрави воқеӣ ва ифротгарои ҳақиқӣ ҳаминҳоянд.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Сомоонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн