Гавҳару дурдона мерасад…

Адаб
Гавҳару дурдона мерасад…
Адиба Хуҷандӣ
Тақвими ман дубора ба парвона мерасад,
Яъне замони ин дили девона мерасад.
Шаббодаҳои улвии ёди ту, эй азиз
Бар анҷуман дубора самимона мерасад.
Эй бехабар зи олами амвоҷи офтоб,
Вартоҷзори маънии бегона мерасад.
Ман ошиқам, фаришта наям, деву дад наям,
Инсонтарин касе, ки аз афсона мерасад.
Эй хуфта дар канораи мурдоби офият,
Ин инқилоби ишқ ба ҳар хона мерасад.
Барги дарахт омада бар анҷуман бигуфт,
Оё пагоҳ навбати паймона мерасад?
Оина эй намоди хиёнатбиёварон,
Юсуфи ман ба ҳашмати шоҳона мерасад.
Мавриди ишқу масъалаи ошиқон туӣ,
Милён ҳазор рашк ба якдона мерасад.
Омад Адиба, гуфт, ки оре, Хуҷандиям,
Ин ифтихори гавҳару дурдона мерасад.
Адиба Хуҷандӣ
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сафари раҳбарони Ҳамос ба Арабистони Саудӣ
Ҳуши маснуӣ чист ва чӣ гуна кор мекунад?

Матолиби пурбоздид