Идораи сарзаминҳои ишғолӣ аз дасти режими Исроил хориҷ шудааст

Идораи сарзаминҳои ишғолӣ аз дасти режими Исроил хориҷ шудааст

Ахбори байналмилал

Гурдонҳои Ҷинин, вобаста ба “Сароё ал-Қудс” – шохаи низомии ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин, имрӯз (сешанбе, 25 апрели 2023) барои нахустин бор гӯшае аз тамрини низомии муборизони худ дар каронаи Бохтариро ба тасвир кашид.

Ба гузориши расонаҳои вобаста ба муқовимати Фаластин, бахше аз ин тасовир тамрини даргирии хона ба хона бо низомиёни саҳюнистро нишон медиҳад. Ҳамакнун ба таври расмӣ ва аланӣ се гурдон: “Ҷинин”, “Тубос” ва “Ноблус” ҳар се вобаста ба Ҷиҳоди Исломии Фаластин, дар минтақаи каронаи Бохтарӣ фаъолият мекунанд, ки бавежа дар тӯли моҳҳои гузашта даргириҳои сангине бо низомиёни режими саҳюнистӣ пас аз юриши саҳюнистҳо ба Қудс доштаанд.

Ба гузориши сойти вобаста ба Ҷиҳоди Исломии Фаластин, дар солҳои ахир ҳар замон сӯҳбат дар хусуси муқовимат дар Фаластин буд, номи Ғазза ҳамеша бар сари забонҳо буд, аммо пас аз он ки Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон таъкид кард, ки муборизаи мусаллаҳона бояд дар каронаи Бохтарӣ тақвият шавад, аз ин рӯ дар беш аз як соли ахир номи Ҷинин ва пас аз он Ноблус ва Тубос, ки дар каронаи Бохтарӣ ва дар дили сарзаминҳои ишғолӣ воқеъ шуда, ба якбора ба конуни муқовимати зидди саҳюнистӣ ва дар айни ҳол ба кобуси саҳюнистҳо табдил шудаанд.

Сарони режими саҳюнистӣ, ки аз афзоиши тавони гурӯҳҳои муборизи фаластинӣ дар каронаи Бохтарӣ ба ҳарос афтодаанд, дар моҳҳои ахир талоши зиёдеро барои контроли авзоъи ин минтақа кардаанд.

Онҳо дар ин муддат борҳо ба манотиқи мухталифи каронаи Бохтарӣ бавежа урдугоҳи Ҷинин ба унвони устураи муқовимат ва Ноблус юриш бурдаанд, то муборизон ва ҷавонони фаластиниро боздошт кунанд, аммо юришҳои онҳо бо муқовимати шадиди муборизони фаластинӣ рӯбарӯ шудааст. Нигаронӣ ва ҳароси саҳюнистҳо аз афзоиши тавони муқовимат дар каронаи Бохтарӣ ба ҳадде аст, ки таҳлилгарон ва коршиносони ин режим дар тӯли моҳҳои ахир борҳо дар расонаҳои саҳюнистӣ ба ин мавзӯъ пардохта ва дар бораи паёмадҳои вахими он барои Телавив ҳушдор додаанд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Танишҳои Эрон ва Озарбойҷон
Баргузории дуввумин Маҷмаи иқтисодии Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Миёна

Матолиби пурбоздид