Рушди робитаҳои тиҷории Тоҷикистон ва Туркия

Рушди робитаҳои тиҷории Тоҷикистон ва Туркия

Ахбори Байналмилал

Бар асоси гузоришоти расида, ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия дар моҳҳои январ то марти соли ҷорӣ, нисбат ба замони мушобеҳи соли гузашта афзоиш ёфтааст.

Гузоришот нишон медиҳад, ин рақам ба 98 миллион доллар баровард шудааст.

Завқӣ Завқизода вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ва Умур Аҷар – сафири Туркия, дар Душанбе, мулоқот намуда ва дар мавзӯи мубодилоти тиҷории ду кишвар гуфтугӯ намуданд.

Дар ин дидор изҳор шуд, мубодилаи тиҷораии байни ду кишвар дар як соли гузашта, 351,2 миллион долларро ташкил додааст.

Дар чорчӯби ин музокирот таъкид шуд, ки ду кишвар дар семоҳаи аввали соли ҷории милодӣ дар амри афзоиши гардиши молӣ ба натоиҷи мусбате даст ёфта ва мубодилаи тиҷорӣ, зарфи ин муддат, (моҳҳои январ – март), дар қиёс бо замони мушобеҳи соли 2022 афзоиши 17.3 дарсадӣ дошта ва 98.4 миллион долларро ташкил додааст.

Ҳамчунин дар ин дидор, масоили марбут ба иҷрои пружаи «нақшаи роҳ барои афзоиши мубодилоти тиҷорӣ байни Тоҷикистон ва Туркия барои солҳои 2022 – 2025» мавриди баррасии дуҷониба қарор гирифт.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Осиёи Миёна бар сари дуроҳӣ
Гурӯҳи Вагнери Русия: “Бахмути Украинаро тарк мекунем”

Матолиби пурбоздид