Аллома Иқболи Лоҳурӣ ва Қуръони Карим
Аллома Иқболи Лоҳурӣ дар охирҳои зиндагиаш дучори заъф ва бемории чашм шуда буд ва аз муолиҷа низ маҳрум монда буд, танҳо мӯнисаш Қуръон буд. Ӯ бо ҳамон андак биноӣ, ба Қуръон менигарист ва бо лаззате саршор аз имон Қуръонро қироат мекард. Ва мегуфт: “Падарам ба ман тавсия кардааст, ки фарзандам! Ҳар гоҳ Қуръон мехонӣ, чунон бихон, ки гӯӣ Худованд онро ба ту нозил карда”.
(Авсофи порсоён, с.182)
Ва ба фармудаи Мавлоно:
Чунки дар Қуръони Ҳақ бигрехтӣ,
Бо равони анбиё омехтӣ.
Ҳаст Қуръон ҳолҳои анбиё,
Моҳиёни баҳри поки Кибриё.
В-ар бихониву найӣ Қуръонпазир,
Анбиёву авлиёро дида гир.
В-ар пазироӣ, чу бархонӣ қасас,
Мурғи ҷонат танг ояд дар қафас.
Мурғ, к-ӯ андар қафас зиндонӣ аст,
Менаҷӯяд растан, аз нодонӣ аст.
Руҳҳое, к-аз қафасҳо растаанд,
Анбиёи раҳбари шоистаанд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн