Мисли чашма…

Адаб
Мисли чашма…
Қайсари Аминпур
Лаҳзаҳои зиндагӣ
Мисли чашма мисли рӯд,
Гоҳ меҷӯшад зи санг
Гоҳ мехонад суруд.
Сар ба соҳил мезанад
Мавҷи шатти зиндагӣ,
Лаҳзаҳо чун нуқтаҳо
Рӯй хатти зиндагӣ.
Меравад ҳар дам ба пеш
Корвони лаҳзаҳо,
Мақсади ин корвон
Ҷодае беинтиҳо.
Лаҳзаҳои зиндагӣ
Чун қаторе дар убур,
Истгоҳи ин қатор
Байни торикиву нур.
Гоҳ дар роҳе сиёҳ
Гоҳ рӯй хатти нур,
Гоҳ наздики Худо
Гоҳ аз ӯ дури дур.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Аллома Иқболи Лоҳурӣ ва Қуръони Карим
Забони модарӣ

Матолиби пурбоздид