Эътидол ва миёнаравӣ

Эътидол ва миёнаравӣ

Мабоҳиси иҷтимоӣ

Эътидол ва мӯътадил будан, аз ҳама матлуб аст, на танҳо аз диндорон. Яъне, чунон ки аз як диндор таваққӯъ он аст, ки дар тадайюн ва диндориаш равиши эътидолро – ки аз қазо, хостгоҳи ислом ҳам чунон аст – пеша кунад, ҳамчунин аз як ба истилоҳ секулор низ таваққӯъ он аст, ки дар афкор ва ақоид ва роҳи худ, мӯътадил бошад, на тундрав ва ифротӣ.
Ва ба сухани дигар, агар имрӯз дар миёни диндорон ифротиҳо ва тундравоне ёфт мешаванд, дар байни ба истилоҳ секулорҳо низ касоне дида мешаванд (ба хусус дар ҷомеаи мо), ки ба маротиб тундравтар ва ифротитар ҳастанд.
Яъне касоне, ки на фақат мӯътақид ҳастанд, ки ислом набояд дар умури сиёсӣ ва иҷтимоӣ дахолат накунад, балки поро фаротар мегузоранд ва хоҳони барчида шудани басоти ҳар чи унвони исломӣ дорад аз ҷомеа ҳастанд; касоне, ки бо мазоҳири исломӣ душмананд. Инҳо ҳастанд ифротиҳо ва тундравон ва фарқе бо як доъишӣ надоранд.
Пас, чунон ки инҳо аз як диндор таваққӯъ доранд, ки барои дигарандешон эҳтиром қоил бошад, ҳамчунин аз худи инҳо низ таваққӯъ он аст, ки ба мазоҳири динӣ ва ақоиду афкори диндорон эҳтиром қоил бошанд ва ин мазоҳири диниро ба тамасхур нагиранд.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Смонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Истеҳсоли мошинҳои низомӣ дар Тоҷикистон
Туркия ҳамла ба Масҷидулақсоро маҳкум кард

Матолиби пурбоздид