Чистии адл аз назари Мавлоно

Чистии адл аз назари Мавлоно
Мавлоно бо истинод ба гуфторе аз Имом Алӣ дар бораи адл, ки чист, онро бисёр зебо таъриф карда ва ҳамчунин зулмро низ нек таъриф карда.
Имом Алӣ фармудааст:
الْعَدْلُ يَضَعُ الْأُمُورَ مَوَاضِعَهَا
“Адл он аст, ки чизҳоро дар ҷойи худаш гузоранд”.
Ба сухани дигар, адл ин мусовот ва баробарӣ нест, балки ҳар чизеро дар ҷойи худаш гузоштан аст.
Ба унвони мисол, баҳои яксон додан аз тарафи муаллим ба ду донишҷӯ, ки яке кӯшо аст ва яке танбал, ин мусовот аст, вале адл нест.
Адл ин аст, ки шумо ба донишҷӯи кӯшо баҳои аъло бидиҳед ва ба донишҷӯи танбал масалан баҳои ду.
Мавлоно мегӯяд:
Адл чӣ бвад? Об деҳ ашҷорро,
Зулм чӣ бвад? Об додан хорро.
Адл вазъи неъмате дар мавзеаш,
На ба ҳар бехе, ки бошад обкаш.
Зулм чӣ бвад? Вазъ дар номавзее,
Ки набошад ҷуз балоро манбае.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нигоҳе ба торих; ҷадид кист?
Таъкиди Қирғизистон бар ҳамкорӣ бо муассисоти таълими исломии Миср

Матолиби пурбоздид