Паёми табрикии раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Эрдуғон
Ахбори минтақа
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон пирузии Раҷаб таййиб Эрдуғонро дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Туркия табрик гуфт.
Дар матни табрикии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар сомонаи расмии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мунташир шуд, омадааст:
Натоиҷи ин руйдоди муҳимми сиёсӣ, далели дигаре бар эътимоди ҷомеаи Туркия ба шумо ва ҳимояти густардаи он аз сиёсати созандаи шумост, ки ба шумо кумак мекунад, рушди пойдори кишвар ва тақвияти эътибори он дар арсаи байналмилалиро таъмин намоед.
Эмомалӣ Раҳмон дар оянда таваҷҷуҳи Раҷаб таййиб Эрдуғонро ба раванди густариши равобити суннатии дӯстона ва ҳамкориҳои чандҷонибаи судманди байни Тоҷикистон ва Туркия ҷалб карда ва ибрози итминон кард, ки дар даври ҷадиди фаъолияти шумо дар ин мақоми олӣ ба гуфтугӯи созанда байни тарафҳо ва нафъи мардуми худ идома диҳед.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар поён барои раиси Ҷумҳурии Туркия орзуи саломатӣ ва мувафақият ва оромишу амният барои мардуми Туркияро таманно намудааст.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн