Бузургтарин таҳдиди демукросии ғарбӣ

Таҳлили хабарӣ
Бузургтарин таҳдиди демукросии ғарбӣ
Бузургтарин таҳдиди демукросии ғарбӣ аз забони бузургтарин файласуфи рӯз
“Бузургтарин таҳдид барои демукросиҳои ғарбӣ на Ҷулиян Ассанж – бунёнгузори Wikileaks аст ва на шаффофияте, ки ӯ намояндагӣ мекунад, балки нигилизм (пучгароӣ) ва худхоҳие аст, ки ба як хоссияти сиёсати демукротик табдил шудааст.”
Қисмате аз мақолаи Славой Жижек, файласуфи машҳур, дар пойгоҳи Project Syndicate:
Аввалҳои моҳи ҷорӣ, шабакаи хабарии CNN гузориш дод, ки додгоҳе дар Бритониё иҷозаи дархости таҷдиди назар дар ҳукми истирдоди Ҷулиян Ассанж – бунёнгузори Wikileaks, ба Иёлоти Муттаҳидаро, ки ӯро ба ҷосусӣ муттаҳам мекунад рад кардааст. Агарчӣ вакилони мудофеъи Ассанж талош хоҳанд кард, то вай истирдод нашавад, вале таноби даври гардани ӯ ба вузуҳ дар ҳоли тангтар шудан аст. Шароит бар вифқи муроди Ассанж нест. Мақомоти омрикоӣ ва бритониёӣ, ки ӯро таҳти таъқиб қарор медиҳанд, метавонанд мунтазир бошанд, то ҳар гуна чизҳои боқимонда дар парвандааш дар бораи ҷангҳо, тағйироти обуҳавоӣ, изтироб дар мавриди ҳуши маснуӣ ва соири масоили ҷаҳонӣ таҳлил шавад.
Бо ин вуҷуд, воқеият он аст, ки агар бихоҳем чолишҳои мазкурро мудирият кунем, ба афроде монанди Ассанж ниёз хоҳем дошт. Чӣ каси дигаре тамоми суистифодаҳо ва ҳақоиқи нохушояндро, ки соҳибони қудрат мехоҳанд махфӣ нигаҳ доранд – аз иртикоби ҷиноятҳои ҷангӣ гирифта то ҷиноятҳое, ки бо духтарони навҷавон анҷом мешавад – ро ифшо хоҳад кард?…
Албатта, метавон Ассанжро ба хотири тамаркузи инҳисорӣ бар ғарби либерол ва нодида гирифтани беадолатиҳои бузургтар дар Русия ва Чин, мавриди интиқод қарор дод. Бо ин вуҷуд, беадолатиҳои ғарби либерол дар расонаҳои мо ба хубӣ қобили мушоҳида ҳастанд ва мо ҳамвора дар мавриди он мехонем. Агар Ассанж ба далели эъмоли меъёрҳои дугона муқассир аст, ғарбиҳое, ки Эронро маҳкум мекунанд ва ҳамзамон чашмашонро бар рӯйи иқдомоти Арабистони Саудӣ мебанданд низ, муқассиртар ҳастанд.
Ба ёди ин бахш аз Инҷили Матто (7:3) афтодам, ки мегӯяд: ”Ва чаро ту хасеро дар чашми бародари худ мебинӣ, вале чӯберо дар чашми худ дарнамеёбӣ?” Ассанж ба мо меомӯзад, на танҳо хас дар чашми худ, балки пайванди пинҳон байни он бо хас дар чашмони душманонамонро низ бишносем. Рӯйкарди ӯ ба мо иҷоза медиҳад, то бисёре аз муборизоти бузурге, ки расонаҳо ва сиёсат моро даргир мекунад дубора бубинем.
Тазод байни рости популисти ҷадид ва чапи феълиро дар назар бигиред. Охирҳои моҳи май мадрасаи Дэвис дар аёлати Юта китоб муқаддасро аз мадориси ибтидоӣ ва роҳнамоии худ ҳазф кард, зеро яке аз волидайн шикоят карда буд, ки “ҳеч арзиши ҷиддие барои кӯдакон дар он вуҷуд надорад ва тибқи таърифи тозаи мо, мисдоқи ҳарзанигорӣ аст”.
Оё ин танҳо мавриде аст, ки мормонҳо ба ҷанги фарҳангӣ алайҳи масеҳиён мепардозанд? Баръакс он минтақа аз он замон ба ин сӯ дархосте барои баррасии китоби мормонҳо ба манзури баррасии нақзи эҳтимолии қонун дарёфт кардааст.
Пас чӣ касе пушти ин матолибот аст?
Оё чапҳо ба дунболи интиқомгирӣ аз ин тариқ ба далели мамнӯъиятҳои эъмолшуда бар матолиби марбут ба нажод ҳастанд ва пушти ин моҷаро будаанд?
Оё ин рости ифротӣ аст, ки меъёрҳои сахтгиронаи арзишии хонаводагиро дар мутуни мавриди эҳтироми худ эъмол мекунад?
Дар ниҳоят, ин мавзӯи муҳимме нест, зеро ҳам рости ҷадид ва ҳам чапҳо мантиқи яксони адами таҳаммулро пазируфтаанд. Онон алорағми тамоми душмании идеулужике, ки бо якдигар доранд, ойинаи ҳамдигар ҳастанд. Дар ҳоле, ки чап мехоҳад бунёни сиёсии худ (суннати раҳоибахши урупоӣ)-ро аз байн бибарад, ҷаноҳи рост мумкин аст дар ниҳоят ин шаҳоматро ба даст оварда бошад, то суханони зишти мавҷуд дар мутуни бунёдини худро зери суол бибарад.
Дар кинояе бераҳмона суннати демукротики ғарб аз худинтиқодӣ ба пучӣ тақлил ва таназзул ёфта ва базрҳои нобудии худро мепошад. Бузургтарин таҳдид барои демукросиҳои ғарбӣ на Ҷулиян Ассанж – бунёнгузори Wikileaks аст ва на шаффофияте, ки ӯ намояндагӣ мекунад, балки нигилизм (пучгароӣ) ва худхоҳие аст, ки ба як хоссияти сиёсати демукротик табдил шудааст.”
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Одам бош!…
Тарки гуноҳ ва афзоиши рӯзӣ

Матолиби пурбоздид