Мардуми Сурия: Амрикоиҳоро аз кишвар берун мекунем!

Мардуми Сурия: Амрикоиҳоро аз кишвар берун мекунем!

Ахбори байналмилал

Мардуми ашираҳои Сурия бо таҷамуъ дар устони Дайр-уз-Зур дар шарқи ин кишвар ва дар эътироз ба ҳузури низомиёни амрикоӣ дар кишварашон таъкид карданд, амрикоиҳоро аз Сурия ихроҷ мекунанд ва то охирин ваҷаб аз хоки худро озод хоҳанд намуд.

Ба гузориши Спутник, ашоири араби Сурия ба ҳамроҳии неруҳои дифои миллӣ дар Дайр-уз-Зур дар таҷамуи эътирозӣ, бори дигар бар мухолифати худ бо ҳузури амрикоиён дар ин кишвар таъкид карданд.

Таҷамуи эътирозии ашоири Дайр-уз-Зур дар ҳоле баргузор шуд, ки манотиқи шимолии наҳри Фурот, шоҳиди таниш миёни артиши Сурия ва ишғолгарони амрикоӣ ва ҳампаймонони курди гаштааст.

Неруҳи амрикоӣ манотиқи нафтхези шарқ ва шимоли шарқии Сурияро таҳти ишғол доранд ва бо вуҷуди баёнияи мукаррари давлати Сурия, дар бораи лузуми хуруҷи ҳарчи сареътари неруҳои бегона аз хоки ин кишвар, бо ин ҳол, Амрико ҳамчунон ба баҳонаи мубориза бо ДОИШ дар Сурия ҳузур дорад.

Давлати Димишқ борҳо бо ироаи мадорики мустанад, сирқати нафти Сурия тавассути нируҳои амрикоиро фош кардааст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Андешаҳои устод
Таъкиди Русия дар хусуси ҳокимияти Эрон бар ҷазоири сегона

Матолиби пурбоздид