Кишварҳои Халиҷи Форс аз Осиёи Марказӣ чӣ мехоҳанд?

Таҳлили хабарӣ

Кишварҳои Халиҷи Форс аз Осиёи Марказӣ чӣ мехоҳанд?

Бозпахш аз Азия-Плюс

Нахустин нишасти кишварҳои Осиёи Марказӣ (С5) ва аъзои Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷи Форс 19 июл дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор шуд.

Ба иттилои “Коммерсант”, намояндагони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ (Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон) ва шашгонаи салтанати Арабистон (Арабистони Саъудӣ, Қатар, Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА), Кувейт, Уммон ва Баҳрайн) нақшаи ҳамкориро тасвиб карданд, ки то соли 2027 пешбинӣ шудааст.

Ташаббуси даъвати ин нишаст аз ҷониби Арабистони Саудӣ, аниктараш, Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ сурат гирифт. Ба гузориши Радиои Азаттик, ба Шӯрои ҳамкории давлатҳои арбии Халиҷ Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Кувейт, Уммон ва Баҳрайн шомиланд. Дар даҳсолаи охир, ин иттиҳод рушди хуби иқтисодӣ ва талошҳои ба маркази молиявӣ ва технологии ҳадди ақалл тамоми ҷаҳони мусулмонӣ табдил ёфтанро нишон дод.

То имрӯз кишварҳои Халиҷ аллакай ба минтақа маблағҳои қобили мулоҳизае сармоягузорӣ кардаанд, ҳарчанд аз сармоягузорони асосӣ дар баробари Чин, Русия ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) аз лиҳози ҳаҷми он хеле ақиб мондаанд.

Ба ин тариқ, бо кумаки Ар-Риёз танҳо дар Қазоқистон ба маблағи 120 млн доллар лоиҳаҳо амалӣ шуданд.

Ба иттилои Вестник Кавказа, дар соли 2021 ҳаҷми сармоягузории АМА ба лоиҳаҳои Қазоқистон 3,5 млрд долларро ташкил додааст.

Тавре ки “Независимая газета” хабар медиҳад, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки дар моҳи августи соли 2022 ба дунболи Токаев ба Арабистони Саудӣ сафар карда буд, ба маблағи 14 млрд доллар созишномаҳои сармоягузорӣ овард, ки 12 млрд доллари он барои рушди бахши энергетика пешбинӣ шудааст.

Ба иттилои хабаргузории ТРТ, дар нишасти аввал ба ҳамкориҳо дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, тиҷорат ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд. Сарони кишварҳои минтақа ҳар кадом бо дидгоҳи худ оид ба самтҳои ҳамкорӣ изҳори назар карданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рушди бахши гидроэнергетика ва таъсиси Фонди ягонаи сармоягузорӣ барои Осиёи Марказиро пешниҳод кард.

Президенти Ӯзбекистон пешниҳод кард, ки фазои ягонаи сайёҳии бидуни раводид «Халиҷ – Осиёи Марказӣ» таъсис дода шавад. Президенти Қирғизистон Садир Жапаров бо ташаббуси густариши робитаҳои нақлиётӣ ва логистикӣ байни ду минтақа изҳори назар кард.

Таваҷҷуҳи кишварҳои Халиҷ ба минтақаи Осиёи Марказиро метавон бо сабабҳои зерин шарҳ дод: пеш аз ҳама, дар солҳои охир вазъи геополитикӣ чи дар сатҳи ҷаҳонӣ ва чи дар атрофи Осиёи Миёнаи пасошӯравӣ тағйир ёфт.

Ҳанӯз чанде пеш ин минтақа бечунучаро минтақаи нуфузи бартаридоштаи Русия ҳисоб мешуд; аммо имрӯз Маскав тамоми захира ва таваҷҷуҳи худро ба Ғарб равона мекунад, ки дар минтақаҳои пасошӯравӣ холигии муайяни геополитикӣ эҷод мекунад.

Амиқтар шудани низоъ миёни Русия ва Ғарб ва ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон бисёре аз бозигарони бузургро водор кардааст, ки ба Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кунанд. Аз ин рӯ, вохӯриҳо дар формати C5+ (Осиёи Марказӣ ҷамъи) – масалан, C5+ ИМА, C5 + Чин, акнун С5+ кишварҳои Халиҷ маъруфияти бештар касб мекунанд.

Дар доираи ин қолаб бозигарони беруна саъй доранд муайян кунанд, ки аз давлатҳои минтақа чӣ интизор шудан мумкин аст, дар он чӣ имконот барои ҳамкорӣ ва шарикӣ вуҷуд доранд ва рушди минбаъдаи онҳоро чӣ гуна мебинанд.

Барои кишварҳои Халиҷ, бахусус Арабистони Саъудӣ, ки худро пешвои ҷаҳони ислом медонад, омили динӣ низ нақши муҳим дорад, зеро дар ниҳоят Осиёи Марказии пасошӯравӣ яке аз калонтарин минтақаҳои мусалмонии ҷаҳон аст, ки дорои захираҳои назарраси инсонӣ ва моддӣ мебошад.

Дар ҷаҳони имрӯз сармоягузорӣ муҳимтарин василаи афзоиши нуфузи иқтисодӣ ва сиёсии худ маҳсуб мешавад ва кишварҳои Халиҷи Форс истифодаи онро хуб омӯхтаанд.

Гумон меравад, ки солҳои наздик дар чаҳорчӯби тағйироти глобалии геополитикӣ Осиёи Марказӣ имкон дорад ба як чорроҳаи логистикӣ ё маркази нақлиётии байни Шарқ (Чин) ва Ғарб табдил ёбад, ки таваҷҷуҳи сармоягузорони имконпазири хориҷӣ, аз ҷумла аз кишварҳои Халиҷро низ ҷалб мекунад.

Дар мавриди худи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бошад, формати C5+ барои идомаи сиёсати хориҷии чандсамтаи онҳо шароит фароҳам меорад ва ба ин васила аз ғаразнокӣ ва вобастагӣ аз бозигарони асосии геополитикии минтақа – Чин ва Русия ҷилавгирӣ мекунад.

Илова бар ин, бояд гуфт, ки худи кишварҳои Халиҷ барои сармоягузории хориҷӣ сармояи зиёде ҷамъ кардаанд. Кишварҳои Халиҷи Форс сармоягузории хориҷиро як манбаи иловагии даромад ва василаи таъмини суботи иқтисоди худ медонанд.

Ҳамин тавр, Арабистони Саудӣ ба саҳмияҳои ширкатҳои бузурги ғарбӣ, аз қабили Боинг, Amazon.com, Alphabet Inc, BlackRock Inc ва JPMorgan Chase & Co ва ҳатто Фонди нафақаи Бритониё сармоягузорӣ кардааст.

Кишварҳои Халиҷи Форс барои Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонанд дар оянда ба бозори иловагии шуғли захираҳои кории зиёдатии худ табдил ёбанд.

Воқеан, иқтисоди кишварҳои Халиҷи Форс бештар ба нерӯи кории хориҷӣ вобаста аст. Аммо то ба ҳол тамоми талошҳо барои роҳандозии муҳоҷирати оммавии корӣ аз Осиёи Марказӣ ба кишварҳои Халиҷ муваффақ нашудаанд. Пеш аз ҳама, бо сабаби рақобати қувваи кории арзон аз Осиёи Ҷанубӣ (Бангладеш, Малайзия ва Филиппин).

Ҳамин тариқ, нишаст барои ҷалби сармоя ва сармоягузориҳои нав ба Осиёи Марказӣ имкониятҳои назаррасро боз мекунад.

Дар баробари ин бояд гуфт, ки як қатор монеаҳо ва маҳдудиятхо низ мавҷуданд. Сармоягузорони араб, чун қоида, кӯшиш мекунанд, ки ба лоиҳаҳои аллакай муваффақ ва таъсисёфта ё ба он ташаббусҳои тиҷоратӣ сармоягузорӣ кунанд, ки бозгашти нисбатан зудтари маблағро кафолат медиҳанд.

Ғайр аз ин, тиҷорати араб ба сармоягузорӣ дар кишварҳои дорои муҳити хуби сармоягузорӣ бартарӣ медиҳад, дар ҳоле ки кишварҳои пасошӯравӣ дар радабандиҳои байнулмилалӣ аз лиҳози ҷолибияти сармоягузорӣ аз аксари минтақаҳои дигар қафо мондаанд.

Илова бар ин, лоиҳаҳои бузургмиқёси зерсохтор ва нақлиёт ҳамон қадр сармоягузориҳои бузургмиқёсро талаб мекунанд ва чун қоида, зуд самара намедиҳанд.

Ҷанҷоли дипломатии ҳафта: «Вагнер» ба Лаҳистон рафтан мехоҳад

Ба иттилои CNN, яке аз рӯйдодҳои асосии ҳафта изҳороти вазири дифои Олмон Борис Писториус буд, ки ба гуфтаи ӯ, дар сурати ба Лаҳистон (Полша) ҳамла кардани ШХҲ “Вагнер”, ки дар Беларус ҷойгир шудааст, Олмон аз Лаҳистон пуштибонӣ хоҳад кард,. Чунин изҳорот дар пасманзари боз як ташдиди равобит ва табодули изҳороти шадид миёни Лаҳистон аз як сӯ ва Русияву Беларус аз сӯи дигар имконпазир шуд.

Тавре ки РБК хабар медиҳад, аз ҷумла президенти Беларус Александр Лукашенко дар маросими ифтитоҳи гуфтушунид бо Владимир Путин гуфтааст, ки аз вагнерчиён “дар ташвиш аст”, зеро гӯиё онҳо аз ӯ иҷозаи сайругашт дар Варшава ва Жешувро, ки яке аз марказҳои асосии логистикӣ ва нақлиётӣ барои интиқоли ёрии низомии ғарбӣ ба Украина мебошад, дархост мекунанд.

Дар навбати худ, чанде пеш аз ин, ба иттилои Euronews, артиши Беларус бо ШХҲ “Вагнер”дар наздикии Брест, дар марз бо Лаҳистон ва Украина машқҳои муштарак анҷом дод.

Дар Варшава бо интиқоли қисмате аз неруҳои ҳарбӣ ба самти сарҳади шарқӣ ба ин вокуниш нишон доданд. Дар натиҷа, Владимир Путин рӯзи 21 июл дар ҷаласаи маҷозӣ (онлайн)-и Шӯрои амнияти Русия дар як бахши муҳими суханронии худ ба Лаҳистон таваҷҷуҳ кард.

Ба гузориши РБК, президенти Русия гуфтааст, ки дар пасманзари нокомиҳо дар Украина, мақомоти Лаҳистон интизор доранд, ки ба низоъ дар Украина мудохила карда, “дар зери чатри ​​НАТО” як навъ эътилоф таъсис диҳанд ва “як пораи фарбеҳтарро азхуд кунанд».

Ҳамчунин Путин зикр кард, ки қаламравҳои ғарбии Лаҳистон «тӯҳфа»-и Иосиф Сталин аст ва маънидорона ба онҳо ваъда дод, ки агар “фаромӯш карда бошанд”, хотиррасон мекунад.

Ба иттилои РБК, Вазорати хориҷаи Лаҳистон сафири Русияро дар Варшава барои шарҳу тавзеҳ даъват кард. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо “ба таври комил мавҷуд набудани ҳамдигарфаҳмӣ ва бархӯрдҳои комилан мухталифро ба масоили таърих ва сиёсати муосир сабт карданд”.

Дар навбати худ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва Рунет назарияҳои махфӣ дар бораи созишномаҳои эҳтимолӣ байни мақомоти Русия ва низомиёни “Вагнер” оид ба рейдҳои эҳтимолии низомӣ ба қаламрави кишварҳои ҳамсоя, пеш аз ҳама Лаҳистон ва Украина паҳн шуданд.

Аксари шореҳон ва нашрияҳои сиёсӣ, ба навиштаи “Мавҷи Олмон”, бар ин назаранд, ки таҳдидҳои ҷониби Русия алайҳи Лаҳистон бинобар камии неру ва воситаҳо асоси воқеӣ надоранд.

Аз ин рӯ, изҳороти Лукашенко ва Путин метавонад бахше аз сиёсати умумии фишор болои Лаҳистон бошад, ки ҷонибдори собитқадами кумаки низомӣ ба Украина дар ИА аст.

Илова бар ин, ба наздикӣ дар Лаҳистон интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад ва тезутунд шудани вазъи низомию сиёсӣ дар атрофи Украина метавонад дар оянда ба аҳзоби сиёсии Лаҳистон, ки мегӯянд, нақши Полша дар ҷанг нодуруст буда, барои пешгирӣ аз Ҷанги сеюми ҷаҳон онро тағйир додан лозим аст, бартарие шавад.

Ба навиштаи “Мавҷи Олмон”, мухолифони белорус дар Аврупо бар ин назаранд, ки вагнерчиён “кӯшиш хоҳанд кард, ки дар марзи Лаҳистон, Литва ва шояд Латвия бӯҳрони нави муҳоҷиратро ба вуҷуд оранд; гурӯҳи муҳоҷиронро интиқол медиҳанд, шояд ба онҳо силоҳ диҳанд, шояд шумораи муайяни «вагнерчиён» бо онҳо ба Аврупо раванд, то вазъро ноором созанд».

Дар пасманзари ин ташдиди ҷадид миёни Иттиҳоди Аврупо ва Русия, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ВАО мавзӯъи имкон ва дурнамои “мавҷи дуюм”-и сафарбарӣ дар Русия дар давраи даъвати тирамоҳӣ ба артиш ба таври фаъол баррасӣ шуд. Ҳамзамон, ду варианти асосии сафарбаркунӣ баррасӣ мешавад – як варианти шадид, ки дар он маҳдудиятҳо барои хуруҷи шаҳрвандони синни ҳарбӣ ҷорӣ карда мешаванд ва варианти нармтаре, ки ҳатто бидуни эълони расмӣ амалӣ карда мешавад, яъне танҳо ҳамчун як қисм ё дар доираи даъвати тирамоҳӣ.

Ба андешаи ман, ба эҳтимоли зиёд, онҳо роҳи дуюмро интихоб мекунанд, аммо дар айни замон онҳо аз пешина сахттар шуда, барои саркашӣ ва ҳозир нашудан ба даъватномаҳо ҷазо медиҳанд.

Ва зоҳиран имсол бо даъват ё тибқи шартнома теъдоди зиёди муҳоҷирони дигар аз кишварҳои собиқи ИДМ, аз ҷумла аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба артиши Русия хоҳанд рафт.

Ба иттилои Interfax, танҳо дар соли гузашта 691 ҳазору 45 ҳазор нафар шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд, ки аксари онҳоро муҳоҷирон аз кишварҳои ИДМ, аз ҷумла 174 ҳазор нафарро тоҷикон ташкил медиҳанд.

Соли гузашта теъдоди шаҳрвандони нав беш аз 700 ҳазор нафарро ташкил дод ва дар давоми чанд соли охир шумораи онҳо бояд аллакай аз якчанд миллион зиёд бошад.

Ин дар ҳақиқат як захираи бузурги сафарбарӣ аст, ки нодида гирифтани он ба гумон аст, бахусус бо он сабаб, ки дар муқоиса бо шаҳрвандон “аз рӯи ҷойи таваллуд” (зодагон), шаҳрвандони нав барои саркашӣ аз сафарбарӣ имкони камтар доранд.

Ширкатҳо аз Осиёи Марказӣ дар феҳристи таҳримҳо

Нашрияи «Current Time» бо истинод ба Вазорати молияи ИМА менависад, ки ҳафтаи гузашта ИМА чор ширкати Қирғизистонро ба феҳристи таҳримҳо шомил кардааст. Гуфта мешавад, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ба тафтиши ширкатҳое, ки дар содироти дубора (реэкспорт)-и молҳои таҳримшуда машғуланд, шурӯъ кардааст.

Мақомоти Қирғизистон ҳамчунин гуфтаанд, ки барои ҷилавгирӣ аз интиқоли маҳсулот ба Русия, ки таҳти таҳримҳои Ғарб қарор гирифтаанд, тадбирҳо меандешанд.

Ҳамчунин, нашрия хабар медиҳад, ки ин чор ширкат пас аз оғози ҷанг дар Украина, яъне воқеан, махсус барои воридоти мувозӣ (параллелӣ), яъне интиқоли молҳои таъиноти дугуна ба Русия бо убури таҳримҳои зидди Русия таъсис дода шудаанд.

Дар феҳристи таҳримҳои Вазорати молияи ИМА ширкатҳои русие низ шомиланд, ки аз ҷониби ширкатҳои қирғиз бо маҳсулот таъмин мешуданд. Нашрия ҳамчунин хабар медиҳад, ки ҳаҷми содирот аз Қирғизистон ба Русия дар соли 2022 нисбат ба соли қаблӣ 250% афзудааст.

Ҳуҷҷатҳо ҳамчунин гувоҳи онанд, ки ширкатҳои қирғиз аз ширкатҳои Чин ва Кореяи Ҷанубӣ электроника, аз ҷумла нимноқилҳои махсус ва афзояндаи шиддат мехаранд.

Ва баъдан онҳо ба Русия интиқол дода мешаванд, аз ҷумла барои истифода дар саноати мудофиа. Сухан сари маҳсулоти таъиноти дугуна низ меравад: автомобилҳо, электроника, телефонҳои мобилӣ, техникаи маишӣ ва таркибҳои он.

Гумон меравад, ки чипҳои дар ин молҳо истифодашуда метавонанд аз ҷониби ширкатҳои русӣ барои тавлиди силоҳ истифода шаванд.

Ин тасмими Вазорати молияи Амрико барои минтақа бесобиқа аст – дарвоқеъ, барои нахустин бор ширкатҳои маҳаллӣ бо иттиҳоми саркашӣ аз таҳримҳо ба феҳристи таҳримҳо шомил шуданд.

Соли гузашта теъдоде аз намояндагони кишварҳои ғарбӣ махсус барои фароҳам овардани шароит барои ҷилавгирӣ аз гардиши молҳои таҳримшуда тавассути қаламрави ин минтақа ва пеш аз ҳама тавассути шарикони Русия дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар карда буданд.

Чанде пас аз оғози ҷанг, содироти ин маҳсулот аз Амрико ва Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва содироти кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия бамаротиб афзоиш ёфт. Бастаи ёздаҳуми таҳримҳо алайҳи Русия асосан ба ҷилавгирӣ аз содироти дубораи колоҳои таҳримшуда тавассути кишварҳои сеюм равона шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, то ҳол гуфтан душвор аст, ки талошҳои кишварҳои ғарбӣ барои ҷилавгирӣ аз содироти дубора ба Русия то куҷо муваффақ хоҳанд шуд.

Дар беҳтарин ҳолат, ин ҷараёнро метавон коҳиш дод, аммо тавре ки таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, дар ҷаҳон аллакай методологияи муқарраршуда ва собитшудаи канорагирӣ аз таҳримҳо вуҷуд дорад.

Ба ин тартиб, ба гузориши “Korrepsondent.net”, давлати Ирландия ахиран таҳқиқи кашфи як муҳаррик (мотор)-и сохти ирландиро дар як ҳавопаймои бидуни сарнишини эронии “Шаҳид” оғоз кардааст, ки дар фазои Украина сарнагун шуда буд.

Тахмин меравад, ки муҳаррик ба Эрон на мустақиман аз ҷониби ширкатҳои ирландӣ, балки тавассути кишварҳои сеюм, ки мустақиман таҳримҳоро нодида гирифтаанд, интиқол ёфтааст.

Аз афташ имрӯз барои таъмини молҳои дуҷониба ба бозори Русия тақрибан аз ҳамин воситаҳо (схемаҳо), истифода мешавад. Даромад аз таҳвили молҳои таҳримшуда хеле калон аст, аз ин рӯ, боздоштани ширкатҳои кишварҳои сеюм аз васвасаи истифода аз ин имконот душвор аст.

Дар робита ба ин, ба эҳтимоли зиёд, дар ояндаи наздик мебинем, ки чӣ гуна ба феҳристи таҳримҳо номи ширкатҳои нав аз минтақаи Осиёи Марказӣ илова мешавад.

Юнистрим зери таҳримҳо: ин ба муҳоҷирони корӣ чӣ гуна таъсир мерасонад?

Ҳафтаи гузашта, тибқи маълумоти “Юнистрим”, оператори интиқол ба хориҷа таҳти таҳримҳои ИМА қарор гирифт. ИМА ва Канада ҳамзамон алайҳи чанд ширкати русӣ, аз ҷумла «Тинькофф банк», инчунин Локо-Банк, бонки «Солидарность», Петербургский социальный коммерческий банк (ПСКБ) ва “Юнистрим” таҳримҳо ҷорӣ карданд.

Ба иттилои РБК, “Юнистрим” ба ҳайси оператори интиқоли пул тақрибан ба 30 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Юнон, Британияи Кабир, Кипр, Исроил, Сербия, Туркия, Молдова, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва ғайра амал мекунад.

Ба иттилои “Даракчи”, чанде аз бонкҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, «Халк-банк», «Ипотека-банк» ва «Капиталбанк»-и Ӯзбекистон аллакай дар бораи қатъи кор бо низоми пардохти «Юнистрим» хабар доданд.

Дар Тоҷикистон “Спитамен Бонк”, “Бонки Арванд”, “Аввалин Бонки молиявии хурд” ва ТАХ “Ҳумо” аз қатъи кор бо системаи “Юнистрим” хабар доданд.

Таври маълум, “Юнистрим” ҳамчун як бонки мустақил соли 2006 ба фаъолият оғоз кард. Тиҷорати аслии ӯ ба интиқоли пул ва бахши муҳими даромадаш ба амалиёти муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои ИДМ, ки бо рубл маош мегиранд ва бо доллар ба ватанашон маблағ мефиристанд, рабт дорад.

Масалан, тибқи маълумоти хабаргузории Fergana, аз рӯи натоиҷи семоҳаи аввал, тариқи “Юнистрим” ба Қирғизистон 9,4 млрд сом (107,3 ​​млн доллар) ирсол шуда, аз лиҳози ҳаҷми транзаксияҳо бо саҳми 22,7% низом дар ин кишвар дар ҷои дуюм қарор дорад.

Ҳанӯз маълум нест, ки баста шудани “Юнистрим” ба низоми интиқоли пул аз Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бештари муҳоҷирони корӣ аз онҷо ба ин кишвар меоянд, чӣ гуна таъсир хоҳад гузошт.

Ба навиштаи нашрияи ӯзбекистонии Migrant.uz, эълони таҳримҳо алайҳи бонкҳои Русия, ки барои ин интиқолҳо истифода мешаванд, метавонад ба арзиш ва дастрасии интиқолҳои байналмилалии пул таъсир расонад ва эҳтимолан ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Ӯзбекистонро коҳиш диҳад.

Тибқи маълумоти хабаргузории ТАСС бо истинод ба “Амонатбонк”-и Тоҷикистон, дар интиқоли пули воридотӣ мушкиле вуҷуд надорад, аммо мумкин аст дар пардохтҳои содиротӣ ба он кишварҳое, ки аллакай маҳдудият ҷорӣ шудааст, мушкилот пайдо шавад.

Ба ақидаи коршиносони нашрияи русии Bankstoday, чунин низомҳои интиқоли бидуни суроға миёни муҳоҷирони кории хориҷӣ барои интиқоли пулашон ба ватан маъмул аст.

Чунин низомҳо транзаксияҳоро содда мекунанд, зеро онҳо ба шумо имкон медиҳанд, ки натанҳо тавассути бонк, балки аз нуқтаи алоқа ё аз корт ба корт интиқолро онлайн анҷом диҳед.

Ҳоло, ба навиштаи нашрия, акнун барои аксари муҳоҷирон як вариант камтар мешавад ва ин мушкилиҳои муайянеро ба вуҷуд меорад, зеро на ҳама бонкҳои кишварҳои ИДМ бо низомҳои Русия кор мекунанд.

Ба ҳар гунае, ки набошад, ҳама гуна мушкилот ва тағйирот дар фаъолияти низоми бонкии Русия ба вазъи муҳоҷирони корӣ ва хонаводаҳои онҳо асар хоҳад гузошт, зеро қисмати зиёди пули онҳо ба ватан тавассути бонкҳо ва ширкатҳое чун “Юнистрим” интиқол дода мешавад.

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эҳтимоли кудатои низомӣ дар Исроил вуҷуд дорад
Дафтари андешаҳо

Матолиби пурбоздид