Як ҳақиқат
“Чаро инсон аз илм хушаш меояд ва аз ҷаҳл танаффур дорад? Чун ҳақиқаташ, “худ”-и воқеияш, аз олами илм аст, айни илм аст ва аз ҷаҳл танаффур дорад. Чаро ҷуд (саховат) барои инсон як хайри маънавӣ аст, бо ин ки ҷуд аз худ моя гузоштан аст барои дигарон? Барои ин ки ҷуд раҳмат ва ифоза аст ва инсон худаш ҳис мекунад, ки ман аз олами раҳматам ва лозимаи аз олам раҳмат будан, файз додан ва файз расондан аст.
Ин аст, ки дар мактаби ислом, тамоми эҳсосҳои ахлоқӣ, аз пайдо кардани “худ” ва эҳсоси воқеияти “худ” пайдо мешавад. Агар инсон “худ”-и воқеияшро пайдо кунад, мебинад, тамоми арзишҳои ахлоқӣ ва низ зидди ахлоқиҳо маънӣ пайдо мекунад. Баъд аз ин аст, ки инсон мебинад, тамоми ахбори исломӣ (дар боби ахлоқ), як фалсафаи хос дорад ва ахлоқ дар ислом бар меҳвари худшиносӣ ва эҳсоси каромат дар “худ”-и воқеӣ аст ва ахлоқи исломӣ бар асоси ин поя бино шудааст…”
(Муртазо Мутаҳҳарӣ; Фалсафаи ахлоқ)
Қаламонлайн