Равиши интихоби ҳоким аз назари ислом

Равиши интихоби ҳоким аз назари ислом
Мабоҳиси иҷтимоӣ
Дар ин ёддошт равиши интихоби ҳоким аз назари исломро баён хоҳам кард. Аввал як муқаддимаи кӯтоҳ арз кунам. Ва он ин ки: донишмандон аз қадим то ба кунун, чанд роҳеро барои интихоб ё таъйини ҳоким баён кардаанд, ки албатта рабте ба назари ислом ва баҳси мо надорад, онро фақат ба унвони муқаддима меоварам:
1) Як роҳ ин аст, ки ҳокими феълӣ аз сӯйи ҳокими пешин таъйин шавад. Хуб, дар ин фарз, ҳокими пешин ё падари ӯст ва ё касе, ки ҳокими феълиро барои ҳукумат кардан солеҳ дониста. Ин тарзи ҳукуматдорӣ одатан дар ҳукуматҳои подшоҳӣ иттифоқ меафтад.
Ин тарз аз ҳукуматронӣ (подшоҳӣ) мавриди таъйиди ислом нест, магар ин ки ҳокими пешин фиристодаи Худо бошад ва ӯ писари худро, ки ӯ низ фиристодаи Худост баргузинад. Албатта, ин тарз аз ҳукуматрониро, ки махсуси паёмбарон ва ҷонишинони паёмбарон аст, истилоҳан подшоҳӣ намегӯянд, балки ҳукумати паёмбарони Худост, ки дар воқеъ ҳукумати Худост. Асосан, фиристодаи Худо (Расул) лузуман ҳокими ҷомеа низ мебошад. Ин, аз баҳси мо феълан хориҷ аст;
2) Роҳи дигар ин ки ҳоким бо роҳи зӯр сари қудрат биёяд. Дар бештари ҳукуматҳо, чӣ дар қадим ва чӣ гоҳе дар имрӯз, ҳамин равиш маъмул аст, яъне кудато. Албатта, дар имрӯз барояш ранге дигар медиҳанд ва меороянд, вале дар асл тараф бо роҳи зӯр омада ва ҳукуматро қабза кардааст.
Ин тарзи ҳукуматдорӣ низ мавриди таъйиди ислом нест, ҳарчанд воқеият ин аст, ки бештари ҳукуматҳо дар ҷаҳони ислом (чӣ дар гузашта ва чӣ баъдҳо) бо ҳамин роҳ омадаанд. Умавиҳо ва Аббосиҳо ва ҳамчунин Усмониҳо бо ҳамин роҳ сари қудрат расидаанд. Гуфтем, ин равиш мавриди таъйиди ислом нест.
Албатта, қобили ёдоварист, ки як подшоҳ дар ин фарз чи басо одил буда ва ба адолат рафтор кунад. Вале ин рафтори вай, гунаи ба қудрат расидани салафи ӯро машрӯъият (машрӯъият аз назари ислом) намебахшад, чунонки дар миёни хулафои умавӣ одамони одиле буданд мисли Умар ибни Абдулазиз ва ҳамчунин дар Аббосиҳо ва Усмониҳо низ таку тук хулафои одил ёфт мешуданд;
3) Роҳи севвум ин ки ҳоким тавассути мардум интихоб шавад, ҳоло ба ҳар равиши интихоб. Инро ғарбиҳо истилоҳан демукросӣ ва мо мардумсолориаш меномем.
Ибни Сино дар “Шифо” ва Афлотун пеш аз вай, ба ин тарзи ҳукуматдорӣ ишора кардаанд ва онро мардуд донистаанд. Ибни Сино дар китоби худ ин роҳи ҳукуматрониро ба ҳамон вожаи юнонии он яъне вожаи “демукросӣ” ёд кардааст.
Бӯалӣ (ки феълан коре ба дурустӣ ё нодурустии назараш надорем) дар нодуруст шумурдани ин роҳ (аз назари ақл ва таҷриба) мегӯяд, мардум чи басо дар интихоби ҳоким иштибоҳ кунанд ва фарди ғайрисолеҳеро барои ҳукумат интихоб кунанд. Ба ҳамин ҷиҳат, Бӯалӣ ин равиши ҳукуматрониро носаҳеҳ мешуморад.
4) Роҳи чаҳоруме, ки донишмандон ва фалосифа барои гузиниши ҳоким дар ҷомеа мавриди ишора қарор додаанд ин аст, ки ҳокими ҷомеа ҳаким бошад. Яъне як ҳаким (файласуф) тавассути ҳакимони ҷомеа интихоб гардида ва зимоми умурро ба даст бигирад. Пеш аз Бӯалӣ, фалосифаи дигар аз ҷумла Афлотун ва Форобӣ ба он ишора кардаанд. Китоби “Мадинаи фозила”-и онҳо дар ҳамин мавзӯъ аст.
Ибни Сино ин роҳу равишро дар китоби худ равиши суқротӣ меномад. Дар воқеъ, ин Суқрот аст, ки ин роҳро мавриди ишора қарор дода ва пас аз шумурдани чанд роҳ, онро беҳтарин ва мантиқитарин роҳ медонад.
Арз кардам, ки феълан ба дурустӣ ё нодурустии он коре надорем ва аз баҳси мо низ хориҷ аст. Ба унвони муқаддима онро овардам.
5) Роҳи дигар барои интихоби ҳоким дар ҷомеа ба ақидаи Ибни Сино (дар “Шифо” ва “Наҷот”), ин равиши паёмбарон аст. Бӯалӣ дар воқеъ байни ин роҳ ва роҳи суқротӣ фарқе намегузорад. Ӯ паёмбарро ҳамон ҳаким мешуморад, бо ин тафовут, ки паёмбар ба унвони ҳокими ҷомеа, аз тарафи Худо таъйин мегардад, дар ҳоле ки ҳакими ғайрипаёмбар тавассути ҳакимони ҷомеа интихоб мешуд.
Бӯалӣ дар ин хусус баҳси нисбатан муфассале мекунад. Ӯ аввал ниёзи ҷомеа ба ҳоким ва барпоии давлатро як зарурати ақлӣ мешуморад. Сипас мегӯяд, Худованд ҳамон тавр ки панҷаҳои дастонро ин гуна (ҳамон тавр, ки мебинем) халқ карда, чун ниёзи инсонҳо онро иқтизо мекард, ҳамин тавр маҳол аст, ки ниёзи ҷомеа ба ҳоким ва барпоии давлатро нодида бигирад, аз ин рӯ паёмбаронро ба унвони ҳокимони ҷомеа, ки ба адолат рафтор мекунанд, фиристод.
Он чи то кунун арз кардам, ба унвони муқаддима буд ва лозим буд онро ёдоварӣ намоям. Инак, роҷеъ ба назари ислом дар бораи ҳокими ҷомеа ва интихоби ӯ мегӯям, дар чанд нукта:
1) Нуктаи аввал ин ки: дар замони ҳаёти паёмбар ва ҳузури ӯ дар байни мо, ин баҳсҳо маъно надорад. Зеро чунонки арз шуд, фиристодаҳои Худо (Расулон) ва ба хусус ҳазрати Хатмимартибат (с) лузуман ҳокими ҷомеа низ мебошанд, ҳоло чӣ амалан зимоми умурро ба даст гирифтаанд ва ё ба далеле ин корро натавонистаанд. Ҳазрати Нуҳ (а) масалан ҳокими ҷомеа низ ба шумор меравад, ҳарчанд дар ҳудуди 950 соли даъват ӯ пайравони андак ва ангуштшуморе бештар надошт ва ҷомеа ӯро амалан ҳокими худ барнагузид.
Бинобар ин, агар инсон яктопараст аст ва дини Худои ягонаро пайравӣ ва ӯ дар замони ҳаёти паёмбар зиндагӣ мекунад, воҷиб аст аз он паёмбар пайравӣ кунад ва ӯро ҳокими ҷомеа шуморад. Ӯ ҳақ надорад бо вуҷуди паёмбар дар байни мардум, ҳокими дигареро пайравӣ кунад ва ӯро ҳокими қонунӣ шуморад.
Ҳамчунин, дар замони ҷонишинҳои паёмбар яъне инсонҳое, ки паёмбар онҳоро авсиёи худ донистааст низ қазия аз ҳамин қарор аст. Онҳо ҷонишинҳои паёмбар аз ҷумла дар идораи ҷомеа маҳсуб мешаванд, чӣ мардум амалан онҳоро ҳоким қарор додаанд ва чӣ қарор надодаанд.
2) Хуб, дар замоне, ки паёмбар ва ё ҷонишини ӯ ҳузур надошта бошад, мисли имрӯз, таклифамон чист? Аввалан, дар манобеъи исломӣ (Қуръон ва суннат), гоҳе сифат ва вижагии ҳоким, ки бояд чӣ гуна бошад зикр шуда ва гоҳе ба сароҳат касе, ки бояд мутасаддии он бошад ёдовар гардида. Масалан, Қуръони Карим ҳокими ҷомеаро касе медонад, ки дорои илму дониш аст:
وَقَالَ لَهُمْ نَبِيُّهُمْ إِنَّ اللَّهَ قَدْ بَعَثَ لَكُمْ طَالُوتَ مَلِكًا ۚ قَالُوا أَنَّىٰ يَكُونُ لَهُ الْمُلْكُ عَلَيْنَا وَنَحْنُ أَحَقُّ بِالْمُلْكِ مِنْهُ وَلَمْ يُؤْتَ سَعَةً مِنَ الْمَالِ ۚ قَالَ إِنَّ اللَّهَ اصْطَفَاهُ عَلَيْكُمْ وَزَادَهُ بَسْطَةً فِي الْعِلْمِ وَالْجِسْمِ ۖ وَاللَّهُ يُؤْتِي مُلْكَهُ مَنْ يَشَاءُ ۚ وَاللَّهُ وَاسِعٌ عَلِيمٌ
“Пайғамбарашон ба онҳо гуфт: Худованд Толутро ба подшоҳии шумо барангехт. Гуфтанд, ки аз куҷо ӯро бар мо бузургӣ ва шоҳӣ равост дар сурате, ки мо ба подшоҳӣ шоистатар аз ӯйем ва ӯро моли фаровон нест. Расул гуфт: Худованд ӯро баргузида ва дар дониш ва тавоноӣ ва қуввати ҷисм фузунӣ бахшида ва Худо мулки худро ба ҳар ки хоҳад бахшид, ки Худо ба ҳақиқат тавонгар ва доност.” (Сураи Бақара, ояти 247)
Дар ин оят, дар воқеъ ба вижагиҳои як ҳокими ҷомеа ишора шудааст, ки ӯ ба хотири доштани он вижагиҳо салоҳияти ҳоким буданро пайдо кардааст. Яке аз вижагиҳо, бино бар ин оят, “дониш” аст.
Дар бархе ривоятҳо аммо, донишмандони ин уммат ба сароҳат ба унвони ворисон ва ҷонишинҳои паёмбари ислом (с) муаррифӣ шудаанд:
إن العلماء ورثة الأنبیاء
“Уламо ворисони паёмбарон (дар дониш) ҳастанд…” (Ривояти Абӯдовуд, Тирмизӣ, Ибни Моҷа, Ибни Ҳаббон ва ғайра, ҳадиси мазкур саҳеҳ аст.)
Ва дар ҳадисе дигар фармуда:
رحمة الله علی خلفائی، قیل: من خلفاؤک یا رسول الله؟ قال: الذین یحیون سنتی ویعلمونها الناس
“Раҳмати Худо бар ҷонишинони ман! Пурсиданд: Ҷонишинони шумо киҳо ҳастанд эй Расули Худо? Фармуд: Касоне ки суннати маро зинда мекунанд ва ба мардум меомӯзанд.” (Ибни Асокир, Аӯнаср дар “Ибона”, Мунзирӣ дар “Тарғиб”)
Ҳамчунин омадааст:
اللهم ارحم خلفائی الذین یأتون من بعدی، یروون أحادیثی وسنتی و یعلمونها الناس
“Парвардигоро! Ҷонишинҳои маро мавриди раҳмат қарор бидеҳ; касонеро, ки пас аз ман меоянд, ҳадисҳо ва суннати маро ривоят мекунанд ва ба мардум меомӯзанд.” (Таёлисӣ, Хатиб ибни Наҷҷор ва ғайра ривоят кардаанд).
3) Пас, аз назари манобеи исломӣ он чи мусаллам аст ин аст, ки ҳокими ҷомеаи исломӣ дар замоне, ки паёмбар ва ҷонишини вай ҳузури физикӣ надошта бошад, ин уламо ва донишмандоне ҳастанд, ки дар воқеъ паёмбар онҳоро ҷонишинони худ дониста.
Албатта, мурод аз уламо дар ин ҳадисҳо уламои исломӣ ҳастанд, чунонки паёмбар (с) мефармояд, онҳо касоне ҳастанд, ки суннати он ҳазратро зинда ва ба мардум меомӯзанд.
Дар воқеъ метавон гуфт, Суқрот, ки гуфтааст, бояд ҳакимон ҳокими ҷомеа бошанд, ҳаким дар забони амсоли Суқрот ё Форобӣ ва ё Бӯалӣ фақат ба файласуф итлоқ намешавад, балки манзур донишманди ҷомеъе аст, ки тасаллут бар улуми роиҷи замонааш дорад.
Он чи дар забони мубораки ҳазрати паёмбар (с) низ омадааст, фақат фақеҳ ё муҳаддис ва ё касе, ки тасаллут бар як дониши хосси динӣ дорад нест. Балки мурод, донишманди ҷомеъе аст, ки бар бисёре аз донишҳо аз ҷумла динӣ тасаллут дорад. Ба якчунин инсоне ҳаким мегӯянд.
Пас, назари Суқротро метавон мутобиқи муроди ҳазрати паёмбар (с) шумурд. Мунтаҳо, ҳоло баҳс роҷеъ ба кайфияти интихоби ӯ ба унвони ҳокими ҷомеа аст.
4) Яке аз вижагиҳои уммати исломӣ ин аст, ки Худованд анҷоми бархе умури муҳимро ба гардани ӯ гузошта. Яъне, ӯ мисли умматҳои собиқ ва пайравони пешин нест, ки Худованд аз тариқи паёмбари онҳо худаш ҳамаи корҳоро ба ӯҳда бигирад. Балки ба далели он, ки ақлаш комилтар гардида (зеро бо мурури замон одамҳо ботаҷрибатар ва огоҳтар мегарданд) ва сониян, ҳазрати паёмбар (с) охирин фиристодаи Худо ба сӯйи одамиён ҳастанд ва пас аз эшон паёмари дигаре намеояд, аз ин рӯ, анҷоми баъзе умурро ба ӯҳдаи худи ӯ гузошта. Масалан, Қуръони Карим мефармояд:
وَالَّذِينَ اسْتَجَابُوا لِرَبِّهِمْ وَأَقَامُوا الصَّلَاةَ وَأَمْرُهُمْ شُورَىٰ بَيْنَهُمْ وَمِمَّا رَزَقْنَاهُمْ يُنْفِقُونَ
“Ва онон, ки амри Худояшонро иҷобат карданд ва намоз бапо доштанд ва кори онҳо шӯро (машварат) байни ҳам аст ва аз он чи рӯзии онҳо кардем, (ба фақирон) инфоқ мекунанд.” (Сураи Шӯро, ояти 38).
“Ва амруҳум шуро байнаҳум” (ва кори онҳо шӯро байни ҳам аст) хеле ҳарф аст. Дар мавриди умматҳои пешин суроғ надорем, ки анҷоми ягон кори муҳимро ба ӯҳдаи худи уммат гузошта бошад.
Хуб, ҳоло чӣ эроде дорад уммати исломӣ кайфияти интихоби ҳокимро низ бо машварат байни ҳам ҳаллу фасл кунанд?! Ин чӣ ишколу эроде дорад?!
Бо таваҷҷӯҳ ба ин, бо ҳам машварат кунанд ва ба ин натиҷа бирасанд, ки ҳокими ҷомеа, ки гуфтем бояд як ҳаким бошад, бояд зимни баргузории як интихобот миёни мардум интихоб шавад.
Хуб, ин равиш равише таҷрибашуда миёни ҷомеаҳост ва аз қазо бад ҳам нест. Чӣ ишколе дорад агар онро бипазиранд?! Магар тибқи ояти “Ва амруҳум шуро байнаҳум” амал нашудааст?!
Коре ҳам ба номаш надорем, чӣ номи онро мардумсолорӣ биноманд ва чӣ демукросӣ. Фарқе надорад. Мо бо лафзу вожа, ки сару кор надорем. Маъно муҳим аст. Яъне уқалои ин уммат бо ҳам машварат карданд ва ба ин натиҷа расиданд, ки коромадтарин равиш дар интихоби ҳоким, ҳамин равиш аст. Ин, ба назарам, ҳеч ишколе надорад.
Бале, фарқе, ки ин равиш бо равиши роиҷ дар ғарби имрӯз дорад ин аст, ки дар ин равиш, ҳокими ҷомеа бояд аз миёни ҳакимон ва донишмандон интихоб шавад, ки созукори номзадии уламо барои тасаддии курсии риёсат низ бояд бо машварат пазируфта шавад. На ин ки ҳар касе хост номзад гардад.
Дар поёни баҳс лозим аст ёдоварӣ шавад, натиҷаи ин баҳс он аст, ки агар мо демукросӣ (мардумсолорӣ)-ро ба унвони равише барои интихоби ҳокими ҷомеаи исломӣ мепазирем ва қабул дорем, ба ҳеч ваҷҳ ба маънои табаият ва пайравӣ аз дигарон, ба хусус ғарбиҳо нест, балки бо диққати комил дар манобеи исломӣ ба ин натиҷа расидаем.
Албатта, иддаои онро надорам, ки ин равиш равише комил ва бе айбу нақс аст. Ҳаргиз! Ва балки худи касоне, ки онро таҷриба кардаанд, тасреҳ мекунанд, ки демукросӣ лузуман равише идеол нест, балки аз миёни равишҳои интихоби ҳоким он чи зарараш камтар аст, ҳамин равиш аст.
Ба ҳамин хотир аст, ки амсоли Ибни Сино ин равишро писандида намедонистанд.
Он чи банда арз кардам, дар воқеъ ҷамъест байни мардумсолорӣ ва равиши суқротӣ яъне ҳоким будани ҳаким дар ҷомеа. Яъне агар қарор аст интихоби ҳокими ҷомеа ба дасти мардум ва тавассути онҳо анҷом бигирад, онҳо мухторанд аз миёни чанд ҳаким, ки номзад мешаванд, якеро интихоб кунанд. Дар воқеъ аз миёни донишмандони номзадшуда барои тасаддии риёсати ҷомеа, ҳамон касе интихоб мегардад, ки бештарин ороро касб кардааст.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Сомонаи иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ислом марз қоил нест
Ҷузъиёте ҷадид аз тавофуқи Эрон ва Омрико 

Матолиби пурбоздид